Хабарҳои охирин

ГИДРОЛИЗ

gidroliz

ГИДРОЛИЗ, реаксияи химиявии байни об ва ягон модда. Г.-и намакҳо ба қонуни таъсири массаҳо итоат мекунад. Агар ҳангоми Г. моддаи ҳалнашаванда ё зудбухор ҳосил гардад, Г. то комилан вайрон шудани намаки гидролизшаванда давом меёбад. Намакҳои аз асоси қавӣ ва кислотаи қавӣ ҳосилшуда Г. намешаванд, зеро ҳангоми таъсири мутақобили онҳо ва …

Муфассал »

ГИДРОНЕФРОЗ

gidronefroz

ГИДРОНЕФРОЗ (Hydronephrosis; аз юн. hydor – об ва nephros – гурда), васеъ шудани ҳавзак ва ҷомчаҳои гурда, ки дар натиҷаи он паренхимаи гурда пажмурда мегардад; сабаби Г. халал ёфтани ихроҷи пешоб аст. Г. дар мавриди бемории санги пешоб, омоси роҳҳои пешобгузар, бемориҳои ғадуди простата (зермасона) ва узвҳои коси хурд, ки …

Муфассал »

ГИДРОСЕФАЛИЯ

gidrocefalija

ГИДРОСЕФАЛИЯ (Hydrocephalia; аз юн. hydor – об ва kephale – сар), обварами майна, барзиёд ғун шудани моеъи ҳароммағз (ликвор) дар меъдачаҳои мағзи сар ва фазои зери парда; бо нишонаҳои баланд шудани фишори дохили ҷумҷума падид меояд. Г. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби Г.-и ғайримодарзодӣ илтиҳоби парда ва мағзи сар, осеби …

Муфассал »

ГИДРОТЕРАПИЯ

gidroterapiya

ГИДРОТЕРАПИЯ, обшифоӣ, истифодаи об бо мақсади муолиҷа ва пешгирии бемориҳо. Г. яке аз усулҳои қадимтарини табобат аст. Аввалин маълумот оид ба Г. дар китоби ҳиндии «Ригведа», ки 1500 сол то м. навишта шудааст, дучор мешаванд. Г. дар Рими Қадим хеле ривоҷ ёфта буд. Дар он ҷо муассисаҳои махсуси ҷамъиятию гигиение …

Муфассал »

ГИДРОТОРАКС

hidrotorax

ГИДРОТОРАКС (Hydrothorax; аз юн. hydor – об ва thorax – сина), дар ҷавфи плевра ғун шудани об (транссудат). Г. дар ашхоси гирифтори бемориҳои дил, ҳангоми амрози гурда, сиррози ҷигар, дистрофияи ғизоӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Сабаби дар ҷавфи плевра ғун гаштани транссудат баланд шудани фишор дар венаҳои даври хурд …

Муфассал »