Главная / Илм / ГИДРАРТРОЗ

ГИДРАРТРОЗ

gidrartrozГИДРАРТРОЗ (Hydrarthrosis; аз юн. hydor – об ва arthron – банд, буғум), обварами банд, дар бандҳои калон ғун шудани об. Г. дар аснои бемориҳои гуногун (осеби моҳаки банди зону, полисерозит, бемории сил ва ғ.) ба мушоҳида мерасад; он ҳамчун бемории мустақил низ ба вуҷуд меояд, ки сабабаш маълум нест. Ҳангоми Г., одатан, як-ду банд (асосан банди зону) иллат меёбад. Дар натиҷа банд хеле калон шуда, варам ва андак дард мекунад (баъзан бедард аст), ҳангоми ҷунбондани узв эҳсоси нофорам ба вуҷуд меояд. Г.-ро дар беморхона ё амбулатория муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …