Главная / Илм / ГИДРЕМИЯ

ГИДРЕМИЯ

gidremiyaГИДРЕМИЯ (Hydraemia; аз юн. hydor – об ва гема…), дар таркиби хун зиёд шудани об. Г. метавонад физиологӣ бошад; дар мавриди якбора ошомидани нӯшокии бисёр ба вуқӯъ мепайвандад. Баъди бисёр талаф додани хун Г.-и ҷубронӣ ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷаи он ҳаҷми хуни рагҳо барқарор мешавад. Сабаби Г.-и патологӣ ихтилоли мубодилаи обу намак буда, он ҳангоми гломерулонефрит, нуқси музмин ва шадиди гурдаҳо, нуқси дил ва ғ. рух менамояд.
Барои муолиҷаи Г.-и патологӣ бемории асосиеро, ки сабаби пайдоиши он шудааст, табобат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …