Хабарҳои охирин

ГЕМОГЛОБИНЕМИЯ

gemoglobinemiya

ГЕМОГЛОБИНЕМИЯ (Haemoglobinaemia; аз гемоглобин ва haima – хун), дар плазмаи хун зиёд будани миқдори гемоглобини озод. Дар таркиби плазмаи хуни одамони солим миқдори гемоглобинҳои озод кам аст (10 – 40 г/л). Онҳо гемоглобини эритроситҳо мебошанд, ки сикли ҳаёти худро ба охир расондаанд. Дар таркиби плазмаи хун миқдори гемоглобини озод аз …

Муфассал »

ГЕМОГЛОБИНОМЕТРИЯ

gemoglobinometriya

ГЕМОГЛОБИНОМЕТРИЯ (аз гемоглобин ва юн. metreo – чен кардан), муайян кардани миқдор (консентратсия)-и гемоглобини хун. Г. чанд хел мешавад: колориметрӣ, газометрӣ ва усулҳое, ки ба муайян кардани миқдори оҳан дар таркиби хун асос ёфтаанд. Дар амалияи клиникӣ бештар аз усули колориметрӣ истифода мекунанд; он ба қобилияти гемоглобини хун, ки ҳангоми …

Муфассал »

ГЕМОГЛОБИНОПАТИЯ

gemoglobinopatiya

ГЕМОГЛОБИНОПАТИЯ (Haemoglobinopathia; аз гемоглабин ва юн. pathos – дард, беморӣ), гемоглобинозҳо, гурӯҳи бемориҳои ирсиро гӯянд, ки ба ихтилоли сохт ва ҳосил шудани гемоглобин вобаста аст. Гемоглобин моддаи рангбахши хун буда, дар таркиби эритроситҳо мавҷуд аст; вай ба оксиген пайваст шуда, онро ба бофтаҳои организм бурда мерасонад. Агар гемоглобин нуқси зиёд …

Муфассал »

ГЕМОГЛОБИНУРИЯ

haemoglobinuria

ГЕМОГЛОБИНУРИЯ (аз гемоглобин ва юн. uron – пешоб), дар пешоб мавҷуд будани гемоглобини озод. Г. ба гемолиз андаруни рагҳо асос ёфта, гемоглобин ба тавассути гурдаҳо хориҷ карда мешавад. Оид ба Г. ҳамон вақт метавон хулоса баровард, ки агар дар пешоб дар сурати мавҷуд будани гемоглобин эритроситҳо вуҷуд надошта бошанд. Дар …

Муфассал »

ГЕМОГРАММА

gemogramma

ГЕМОГРАММА (аз гемо… ва юн. gramma – навиштан), натиҷаи санҷиши миқдорӣ ва сифатии хун. Дар Г. миқдори эритроситҳо дар 1 мкл хун, бузургӣ, шакл ва ранги онҳо, адади ретикулоситҳо, гемоглобин ва нишондоди рангӣ, ҳаҷми миёнаи эритроситҳо, миқдори миёнаи гемоглобин дар эритроситҳо, миқдори лейкоситҳо дар 1 мкл хун, таносуби намудҳои гуногуни …

Муфассал »