Главная / Илм / ГЕМОГЛОБИНЕМИЯ

ГЕМОГЛОБИНЕМИЯ

gemoglobinemiyaГЕМОГЛОБИНЕМИЯ (Haemoglobinaemia; аз гемоглобин ва haima – хун), дар плазмаи хун зиёд будани миқдори гемоглобини озод. Дар таркиби плазмаи хуни одамони солим миқдори гемоглобинҳои озод кам аст (10 – 40 г/л). Онҳо гемоглобини эритроситҳо мебошанд, ки сикли ҳаёти худро ба охир расондаанд. Дар таркиби плазмаи хун миқдори гемоглобини озод аз ҳисоби зуд таҷзия шудани эритроситҳо (мас., ҳангоми додани хуни номувофиқ, анемияи гемолизӣ ва ғ.) метавонад афзоиш ёбад. Г.-и возеҳ (2000 г/л)-ро метавон аз рӯи ранги плазмаи хуне, ки барои санҷиш гирифта шудааст, мушоҳида кард. Миқдори гемоглобини озодро дар плазма бо ёрии колориметрия муқаррар месозанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …