Главная / Илм / ГЕМОГЛОБИНУРИЯ

ГЕМОГЛОБИНУРИЯ

haemoglobinuriaГЕМОГЛОБИНУРИЯ (аз гемоглобин ва юн. uron – пешоб), дар пешоб мавҷуд будани гемоглобини озод. Г. ба гемолиз андаруни рагҳо асос ёфта, гемоглобин ба тавассути гурдаҳо хориҷ карда мешавад. Оид ба Г. ҳамон вақт метавон хулоса баровард, ки агар дар пешоб дар сурати мавҷуд будани гемоглобин эритроситҳо вуҷуд надошта бошанд. Дар ин гуна ҳолатҳо ранги пешоб сурхи лаълфом ё сурхи буртоб мешавад. Г. ҳангоми анемияи гемолизӣ, гемоглобинопатия, уфунат, сӯхтагӣ ва ғ. ба мушоҳида мерасад.
Бо мақсади муолиҷаи Г. бояд беморие, ки сабаби он шудааст, табобат карда шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …