Хабарҳои охирин

ГЕМОСИДЕРОЗИ ПӯСТ

gemosiderozi-pust

ГЕМОСИДЕРОЗИ ПӯСТ (Haemosiderosis cutis; аз гемо… ва юн. sideros – оҳан), иллати пӯст, ки бинобар афзудани нуфузпазирии капиллярҳо ва дар пӯст таҳшон шудани пигменти гемосидерин ба вуҷуд меояд. Дар мавриди Г. п. дар пӯсти по доғҳои ҷигарии бӯртоб пайдо мешаванд. Г. п. якумин ва дуюминро фарқ мекунанд. Дар инкишофи Г. …

Муфассал »

ГЕМОСОРБСИЯ

gemosorbsiya

ГЕМОСОРБСИЯ (аз юн. гемо… ва лот. sorbere – ҷаббидан, фурӯ бурдан), усули аз организм берун кардани моддаҳои заҳрнок. Бо истифода аз асбоби махсус хуни беморро ба сорбентҳо мегузаронанд. Сарбентҳо қодиранд моддаҳои заҳрноки таркиби хунро ҷаббида, пурра нигоҳ доранд. Аксар вақт ба сифати сорбентҳо ангишти фаъол ё қатронҳои ионивазкунандаро кор мефармоянд. …

Муфассал »

ГЕМОТЕРАПИЯ

gemoterapia

ГЕМОТЕРАПИЯ (аз гемо… ва терапия), бо мақсади табобат ба организм фиристодани хун ва унсурҳои он – плазма, массаҳои эритроситӣ, лейкоситӣ ва тромбоситӣ. Г.-ро асосан дар мавриди анемия, талафи хун, гранулоситопения, тромбоситопения кор мефармоянд. Дар амал ҳамчунин доруҳои аз хун таҳияшударо низ истифода мебаранд, мас., албумин, фибриноген, гамма-глобулин, тромбин ва ғ. …

Муфассал »

ГЕМОТОКСИНҲО

gemotoksini

ГЕМОТОКСИНҲО (аз гемо… ва токсинҳо), моддаҳое, ки нуфузпазирии пардаи эритроситҳоро халалдор сохта, боиси гемолиз мешаванд. Г.-и наботӣ ва ҳайвониро фарқ мекунанд. Ба Г.-и ҳайвонӣ заҳри ҳашарот ва морҳо, агглютининҳои мӯътадили хун, ки ҳангоми фиристодани хуни номувофиқ боиси гемолиз мешаванд, мансуб мебошанд. Ба Г.-и наботӣ сапонин, ритсин ва ғ. тааллуқ доранд. …

Муфассал »

ГЕМОТОРАКС

gemotoraks

ГЕМОТОРАКС (Haemothorax; аз гемо… ва юн. thorax – сандуқи сина), дар ҷавфи плевра (пардаи шуш) ғун шудани хун. Бисёр вақт дар натиҷаи хуншории дохилӣ ҳангоми осеби пӯшида ё кушодаи сина, баъди ҷарроҳии узвҳои сандуқи сина, гоҳо дар мавриди омосҳои саратонии шушпарда, шуш, сили аъзои нафас ва диг. бемориҳо пайдо мешавад. …

Муфассал »