Главная / Илм / ГЕМОГРАММА

ГЕМОГРАММА

gemogrammaГЕМОГРАММА (аз гемо… ва юн. gramma – навиштан), натиҷаи санҷиши миқдорӣ ва сифатии хун. Дар Г. миқдори эритроситҳо дар 1 мкл хун, бузургӣ, шакл ва ранги онҳо, адади ретикулоситҳо, гемоглобин ва нишондоди рангӣ, ҳаҷми миёнаи эритроситҳо, миқдори миёнаи гемоглобин дар эритроситҳо, миқдори лейкоситҳо дар 1 мкл хун, таносуби намудҳои гуногуни онҳо бо фоиз, миқдори тромбоситҳо ва сохтори онҳо қайд карда мешаванд.
Таркиби хун ба таносуби равандҳои хунофарӣ ва раванди физиологии хароб гаштани унсурҳои хун вобаста аст. Г. имкон медиҳад, ки чунин таносуб ошкор карда шавад: мас., лейкопения бо кам шудани адади нейтрофилҳо ва эозинофилҳо ҳангоми фурӯ нишастани лейкоситопоэз ба мушоҳида мерасад; дар аснои анемия анизоситоз (гуногун будани андозаи эритроситҳо), полихромазияи эритроситҳо (шаклҳои норасидаи онҳо) ва афзудани миқдори ретикулоситҳо оид ба тақвият ёфтани дегенератсияи хуни сурх далолат мекунанд; пойкилоситоз (тағйир ёфтани шакли эритроситҳо), доначадории эритроситҳо, мавҷудияти ҳалқаҳои Кебот (боқимондаи ядро) дар эритроситҳо роҷеъ ба бартарии равандҳои харобгардӣ дар онҳо маълумот медиҳанд.
Нишондоди Г.-ро барои назорат аз болои таъсири доруҳо кор мефармоянд. Чунончи, муайян кардани миқдори гемоглобини эритроситҳо (на дертар аз 1 маротиба дар 7 – 10 рӯз) барои муқаррар кардани воя ва тартиби истеъмоли доруҳои оҳан дар маризони гирифтори анемияи камоҳан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …