Хабарҳои охирин

ГЕМОДИАЛИЗ

patient helped during dialysis session in hospital

ГЕМОДИАЛИЗ (аз гемо… ва юн. dialysis – таҷзия, ҷудо шудан), усули берун аз гурда тоза намудани хун. Г.-ро ҳангоми иллати шадид ва музмини гурдаҳо, заҳролудӣ аз спирт, дору ва моддаҳои химиявӣ (агар аз мембранаи гемодиализӣ гузаранд), ихтилоли таркиби электролизии хун ва ғ. кор мефармоянд. Ҳангоми А. аз организм маҳсули зарарноки …

Муфассал »

ГЕМОЛИЗ

gemoliz

ГЕМОЛИЗ (Haemolysis; аз гемо… ва юн. lusis – таҷзия), хароб гаштани эритроситҳо, ки дар натиҷа гемоглобини онҳо озод мешавад. Зимни Г. хун ба моеъи тунуки сурх табдил меёбад. Г. дар хун (Г.-и дохили раг) ва узвҳо (Г.-и дохили ҳуҷайра) ба вуҷуд меояд. Ҳамчун раванди мӯътадил бештар Г.-и дохилиҳуҷайравӣ ба мушоҳида …

Муфассал »

ГЕМОЛИМФАНГИОМАИ ПӯСТ

haemangioma

ГЕМОЛИМФАНГИОМАИ ПӯСТ (аз гемо…, лот. lumpha – оби тоза, юн. angeion – раг), омоси ғайрисаратонӣ, ки дар рагҳои хун ва лимфа бинобар нуқси инкишофи онҳо ба вуҷуд меояд. Г. п. дар айёми кӯдакӣ пайдо ва тадриҷан калон мешавад. Бештар дар гардан, даст, паҳлӯ, баъзан луобпардаи даҳон ҷой мегирад. Г. п. …

Муфассал »

ГЕМОПЕРИКАРД

gemoperikard

ГЕМОПЕРИКАРД (аз гемо… ва лот. pericardium – халтаи дил, ғилофи дил), дар ҷавфи перикард (ғилофи дил) ғун шудани хун. Вобаста ба сабаби пайдоиш Г. осебӣ ва ғайриосебӣ мешавад. Г.-и осебӣ дар натиҷаи захмдор шудан, осеби пӯшидаи дил, баъди амалиёти ҷарроҳӣ дар дил, инчунин пунксияи дил, перикард ё гузоштани катетер ба …

Муфассал »

ГЕМОПЕРИТОНЕУМ

gemoperetoneum

ГЕМОПЕРИТОНЕУМ (Haemoperitoneum; аз гемо… ва лот. peritoneum – сифоқ, шикампарда), дар ҷавфи шикам ғун шудани хун. Асосан дар натиҷаи осеби узвҳои ҷавфи шикам ва баъзе бемориҳо (аноплексияи хоя, ҳамли хориҷи бачадон ва ғ.) инкишоф меёбад. Оқибати Г. ба хусусияти осеб, шиддати хуншорӣ ба ҷавфи шикам ва миқдори хуни талафшуда вобаста …

Муфассал »