Хабарҳои охирин

ГЕМИПЛЕГИЯ

gemiplegiya

ГЕМИПЛЕГИЯ (Hemiplegia; аз юн. hemi – нисф ва plege – зарба), пурра гум шудани имконияти ҳаракати ихтиёрии дасту по аз як тарафи бадан; яке аз шаклҳои фалаҷ. Ба маънои дигар Г. фалаҷи нисфи бадан аст. Агар як даст ё по фалаҷ шуда бошад, онро моноплегия меноманд. Фалаҷи ҳар ду узв …

Муфассал »

ГЕМО

gemo

ГЕМО… гемато… (юн. haima, haimatos – хун), қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба хун нисбат доранд, мас., гематология, гематома, гематурия, гемоглобин ва ғ.

Муфассал »

ГЕМОБИЛИЯ

gemobiliya

ГЕМОБИЛИЯ (Haemobilia; аз гемо… ва bilis – талха), аз талхароҳа ба роҳи меъдаю рӯдаҳо шоридани хун. Дар мавриди осеби пӯшидаи талхадон ва ҷигар, бемории санги талха, холесистит, саратон, думбал ва гемангиомаи ҷигар, аневризмаи артерияи ҷигар ва ғ. мушоҳида мешавад. Г. имкон дорад дар вақти пунксия (биопсия)-и ҷигар низ рух намояд. …

Муфассал »

ГЕМОБЛАСТОЗ

gemoblastoz

ГЕМОБЛАСТОЗ (Haemoblastosis; аз гемо… ва blastos – ҷанин), бемориҳои омосии силсилаи хун. Ба Г. лейкоз, полиситемия, бемории миеломӣ ва ғ. мансубанд. Онҳо ба узвҳои хунофар осеб расонда, ҷараёни ҳосил шудани хунро халалдор месозанд.

Муфассал »

ГЕМОГЛОБИН

gemoglobin

ГЕМОГЛОБИН (Hb; Haemoglobinum; аз гемо… ва лот. globus – кура), пигменти асосии нафаскашии одам, ҷонварони мӯҳрадор ва бисёр ҳайвоноти бемӯҳра; дар таркиби эритроситҳо мавҷуд буда, оксигенро аз узвҳои нафас ба бофтаҳо ва гази карбонатро аз бофтаҳо ба узвҳои нафас интиқол медиҳад. Молекулаи Г., ки сафедаи мураккаб аст, аз қисми сафедавии …

Муфассал »