Хабарҳои охирин

ГАРДНЕРЕЛЛЁЗ

gardnerellez

ГАРДНЕРЕЛЛЁЗ, яке аз навъҳои дисбактериози маҳбал. Дар мавриди Г. таносуби микроорганизмҳо дар маҳбал халал меёбад. Ба бактерияҳои асосии маҳбал лактобатсиллаҳо мансубанд. Гарднерелла аз ҷумлаи он бактерияҳоест, ки миқдори онҳо дар маҳбал набояд зиёд бошад. Г. дар натиҷаи ғасли маҳбал, истифодаи васоити зидди ҳамл (шамъакҳои «Ноноксинал», «Патентекс Овал» ва ғ.), ҳамхобагӣ …

Муфассал »

ГАРМАЛАФ

garmalaf

ГАРМАЛАФ (Bidens tripartita), гармича, хори сагак, гиёҳест яксола. Аз 15 то 110 см қад мекашад. Пояаш рости сершохча, бӯри сурхтоб, баргаш паррадор, гулаш найчамонанд, майдаи зард; самараш хоракҳои каҷ дошта ба либос ё пашми ҳайвонот мечаспад. Июн – июл гул карда, авг. мева мебандад. Г. дар ҷойҳои сернам, марғзор, соҳили …

Муфассал »

ГАРМИЧА

garmicha

ГАРМИЧА (Sudamina), гармоб, арақобила, иллати пӯстро гӯянд, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд арақ кардан ва суст бухор шудани он ба амал меояд. Бештар дар мависи гарм кӯдакони ширмак ва хурдсол гирифтор мешаванд. Ба инкишофи Г. ниҳоят тафсидани бадани кӯдак ва гарм печондану пӯшондани он мусоидат мекунад. Калонсолон ҳангоми бемориҳои …

Муфассал »

ГАРМИШИФОӣ

termoterapiya

ГАРМИШИФОӣ, термотерапия, бо мақсади муолиҷа кор фармудани гармӣ. Дар мавриди Г. аз гармкунак, гармибандӣ, обзанҳои гарм, ваннаҳои офтобӣ, афканишоти ионзо, душ, лойқаи гарм, парафин, озокерит, реги тасфон, барқ ва ғ. истифода карда мешавад. Гармӣ ҳамчунин метавонад дар бофтаҳои худи организм бинобар табдили энергияи омилҳои физикӣ ба вуҷуд ояд: майдони магнитии …

Муфассал »

ГАРМКУНАК

grelka

ГАРМКУНАК, грелка, асбобест барои гарм кардани ягон узв ё тамоми бадани бемор. Дар он қисми бадан, ки Г. гузошта шудааст, ҷараёни хун суръат гирифта, дардро кам мекунад. Фурӯ нишастани дард нафақат ба ҳарорати Г., балки ба муддати истифодаи он низ вобаста аст. Г.-ҳо гуногунанд: халтаҳои резинии гуногунҳаҷм (№ 1 – …

Муфассал »