Хабарҳои охирин

ГАНДАПӯШ

gandapush

ГАНДАПӯШ (Artemisia persica), растаниест нимбутта. Аз 25 то 70 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги мудаввари сермӯяк, хӯшагули сабадак, гули найчашакл дорад. Июл – авг. гул карда, авг. – сент. дон мебандад. Дар нишебиҳои серсангу регзори кӯҳ, шахсорҳо, канори санглохи сой, буттазор, марғзорҳои субалпӣ ва биёбонҳои баландкӯҳ мерӯяд. Табибони …

Муфассал »

ГАНДУМ

gandum

ГАНДУМ (Tritucum), зироатест яксолаи маъмул. Г. растании патакреша ва хаспоя буда, донаи сафед, зардтоб, сурх, бунафш дорад. Он ашёи муҳими саноати хӯрокворист. Дар таркиби Г. сафеда, ангиштоб, равған, равғани эфир, ферменту витаминҳо, намакҳои минералӣ ва ғ. мавҷуданд. Аз орди Г. нону кулчаҳои гуногун, макарон, ярма, маҳсулоти гуногуни қаннодӣ ва хӯрокворӣ …

Муфассал »

ГАНДУМАҶИРИҚ

elytrigia_repens

ГАНДУМАҶИРИҚ (Elytrigia repens), растаниест бисёрсолаи хӯшадор. Пояаш аз 60 то 170 см қад мекашад. Баргаш борики дароз (ба барги гандум шабоҳат дорад). Хӯшааш рост, дароз; донаш дуқатора ҷойгир шудааст. Г. дар хоки нарм хуб нашъунамо карда, то 15 – 20 см реша меронад. Дар Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистону Зарафшон, Ҳисору …

Муфассал »

ГАНЕМАН

samuel_hahnemann

ГАНЕМАН, Ҳанеман (Hahnemann) Самуэл (10. 04. 1755, Мейсен – 02. 07. 1843, Париж), духтури немис, асосгузори гомеопатия. Маълумоти тиббиро дар Лейпсиг ва Эрланген гирифтааст. Муқобили хунгирӣ, василаҳои қайовар ва ғ., ки духтурони он давра аз онҳо сӯиистифода мекарданд, мубориза мебурд. Бештар беҳдошт ва парҳезро қабул дошт.

Муфассал »

ГАНҶИ АСРОР

ganchi-badovar

«ГАНҶИ АСРОР», китобест дар илми боҳ. С. 1422 ба забони тоҷикӣ аз тарафи муаллифи номаълум, ки дар аҳди Султон Муҳаммад Муътаз ибни Тоҳир ба сар бурдааст, таълиф шудааст. Муаллиф матолиби онро аз китобҳои «Ал-Эзоҳ» ва «Ҷавомеъу-л-лаззот» интихоб ва тарҷумаву танзим кардааст. Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», Лубнон, ҷ. 2, …

Муфассал »