Главная / Илм / ГАРМКУНАК

ГАРМКУНАК

grelkaГАРМКУНАК, грелка, асбобест барои гарм кардани ягон узв ё тамоми бадани бемор. Дар он қисми бадан, ки Г. гузошта шудааст, ҷараёни хун суръат гирифта, дардро кам мекунад. Фурӯ нишастани дард нафақат ба ҳарорати Г., балки ба муддати истифодаи он низ вобаста аст. Г.-ҳо гуногунанд: халтаҳои резинии гуногунҳаҷм (№ 1 – 1 л, № 2 – 2 л, № 3 – 3 л); Г.-ҳое, ки асбоби шустушӯй (ирригатсиявӣ) доранд; Г.-ҳои махсус барои бачаҳо, ки ба шакли моҳича, офтоб ва ғ. сохта шудаанд; Г.-ҳои барқӣ (термофорҳо); Г.-и химиявӣ ва ғ. Г.-ҳои химиявӣ, одатан, дар қисмҳои ҳарбӣ истифода мешаванд. Агар Г. набошад, аз шишаи пластикии даҳонаш маҳкам низ истифода бурдан мумкин аст. Барои ягон ҷои танро гарм кардан, инчунин рег, намак ё тухми баъзе растаниҳоро тасфонда ба халтачаи латтагин мегиранд ва ба рӯи бадан мегузоранд. Барои истифодаи Г.-и резинӣ аз се ду ҳиссаи онро бо об пур карда, ҳаворо боэҳтиёт мебароранд, сарпӯшакро нағз маҳкам мекунанд. Сипас онро бо сачоқ мепечонанд ё ба даруни халтаи латтагин меандозанд. Г.-и ниҳоят гармро аввал аз рӯи кампал, баъди андак хунук шуданаш, аз рӯи ҷойпӯш ва сипас бевосита ба рӯи бадан мегузоранд. Агар зарур ояд, Г.-ро муддати зиёд низ гузоштан мумкин аст, вале барои насӯхтан ё доғ пайдо накардан, ба пӯст вазелин мемоланд. Ба одамони пӯсташон ҳассос ё беҳуш Г. гузоштан ҳаргиз ҷоиз нест.
Г.-ро фақат бо маслиҳати духтур ба кор мебаранд. Дар хотир бояд дошт, ки ҳангоми сахт дард кардани шикам (мас., ҳангоми аппендитсити шадид, холесистити шадид ва ғ.), дар рӯзҳои аввали баъди лат хӯрдан, иллати пӯст, сирояти захм ва омосҳои саратонӣ истифодаи Г. мумкин аст боиси сар задани оризаҳои ногувор ва ҳатто марг гардад. Дар аснои сахт дард кардани шикам ниҳоят боэҳтиёт будан зарур аст, зеро мумкин дард дар натиҷаи газаки римноки шикам (ниг. Перитонит) пайдо шуда бошад. Дар айни ҳол ҳангоми газаки музмин ва баъди сиҳат шудани захм кор фармудани Г.-и хушк ба кас шифо мебахшад. Вале дар ин маврид низ бо духтур маслиҳат бояд кард. Дар аснои аз ҳад зиёд хунук хӯрдани организм Г.-ро чун воситаи ёрии аввалин кор мефармоянд. Ниг. низ Гармишифоӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …