Главная / Илм / ГАРМИШИФОӣ

ГАРМИШИФОӣ

termoterapiyaГАРМИШИФОӣ, термотерапия, бо мақсади муолиҷа кор фармудани гармӣ. Дар мавриди Г. аз гармкунак, гармибандӣ, обзанҳои гарм, ваннаҳои офтобӣ, афканишоти ионзо, душ, лойқаи гарм, парафин, озокерит, реги тасфон, барқ ва ғ. истифода карда мешавад. Гармӣ ҳамчунин метавонад дар бофтаҳои худи организм бинобар табдили энергияи омилҳои физикӣ ба вуҷуд ояд: майдони магнитии баландбасомад (индуктотерамия), майдони электрии ултрабаландбасомад (УВЧ-терапия) ва ғ.
Дар натиҷаи таъсири гармӣ гардиши хун беҳтар шуда, моддаҳои фаъоли биологӣ бештар ҳосил мегарданд. Гармӣ мубодилаи моддаҳоро тақвият дода, дардро кам ва ба сабзиши бофтаҳо мусоидат мекунад.
Г., хусусан Г.-и умумӣ, бояд эҳтиёткорона иҷро карда шавад. Дар мавриди он вазъияти мариз ва синну соли ӯ, ҳамчунин бемориҳои «ҳамсафар»-ро ба эътибор гирифтан лозим аст.
Г.-ро бо таъиноти духтур дар аснои бемориҳои силсилаи асабҳои канорӣ, узвҳои дарун, дастгоҳи такяву ҳаракат, аъзои ҷинсии занҳо, амрози пӯст кор мефармоянд. Худсарона табобат кардан бо гармӣ хавфнок аст, зеро он метавонад ҷараёни бемориҳои дил, рагҳо ва хунравиро вазнин гардонад.
Қабл аз муолиҷа бо гармӣ ва баъди он, бояд 15 дақ. истироҳат карда шавад. Агар аҳвол бад гардад, пас бетаъхир ба духтури табобатгоҳ хабар додан лозим аст. Дар ҳавои хунук баъди Г. ҳатман либоси гарм мепӯшанд. Дар сурати дар хона табобат гирифтани бемор, бояд мӯҳлат ва ҳарорати омилҳои муолиҷавӣ ба таъиноти духтур мувофиқ бошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …