Хабарҳои охирин

ГАСТРИНОМА

gastrinoma

ГАСТРИНОМА, як навъ омос, ки боиси барзиёд ҳосил гаштани гастрин мешавад. Онро синдроми Золлингер – Эллисон низ меноманд. Г. дар 90 фисади ҳолатҳо омоси саратонӣ буда, асосан дар меъда ва баъзан дар девораи рӯдаи дувоздаҳангушта пайдо мешавад. Дар натиҷаи барзиёд ҳосил шудани гастрин миқдори кислотаи хлорид (шираи меъда) меафзояд, меъда …

Муфассал »

ГАСТРИТ

gastrit

ГАСТРИТ (Gostritis; аз юн. gaster – меъда), газаки меъда, илтиҳоби луобпардаи меъда. Сабабҳои Г. гуногунанд. Он, одатан, дар натиҷаи ба луобпардаи меъда таъсир кардани хӯроки барзиёду бадҳазм, тезу тунд, ҷӯш ё бағоят хунук, ғизои бадсифат, нӯшокиҳои спиртдор пайдо мешавад. Г. гоҳо зери таъсири бемориҳои шадид ва музмини сироятӣ (домана, исҳоли …

Муфассал »

ГАСТРО

gastro

ГАСТРО… (юн. gaster – меъда), қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба меъда, узвҳои ҳозима нисбат доштанро ифода мекунад, мас., гастроэнтероколит.

Муфассал »

ГАСТРОСКОПИЯ

gastroskopiya

ГАСТРОСКОПИЯ (аз гастро… ва skopeo – мушоҳида кардан, дидан), муоинаи девораи даруни меъда бо ёрии асбоби махсус – гастроскоп. Гастроскопро ба тавассути даҳон ва сурхрӯда ба меъда мегузаронанд. Г. аз ҷониби духтури мутахассис бо мақсади ташхиси бемориҳои меъда (реш, эрозия, илтиҳоб, омос) ва ошкор намудани манбаи хуншорӣ амалӣ мегардад. Қабл …

Муфассал »

ГАСТРОСТОМИЯ

gastrotomiya

ГАСТРОСТОМИЯ (аз гастро… ва stoma – даҳон, сӯрохӣ), амалиёти ҷарроҳиест, ки дар мавриди он ба меъда носур (сӯрохӣ) гузошта мешавад. Г.-ро ҳангоми баста будани сурхрӯда (бинобар бемории саратон, баъди сӯхтан ва ғ.) бо мақсади ғизо додан ба мариз амалӣ мегардонанд. Баъди Г. ба девораи меъда найчаи мулоими резинӣ ё силиконӣ …

Муфассал »