Хабарҳои охирин

ГАНҶИ БОДОВАР

ganchi-badovar

«ГАНҶИ БОДОВАР», асари Ҳаким Амонуллоҳ ибни Маҳобатхони Ҷаҳонгирӣ машҳур ба Нуввобхони Замонхон. Китоб дар баёни доруҳои мураккаб буда, ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

ГАПАЛОНИХИЯ

gapalonikhiya

ГАПАЛОНИХИЯ (Hapalonyehia), мулоим шудани нохунҳо. Дар мавриди гирифторӣ ба Г. нохунҳо мешикананд, аз ҷойгоҳи худ беҷо мешаванд. Г. ду шакл дорад: ҳақиқӣ ва химиявӣ. Г.-и ҳақиқӣ дар аснои бемориҳои асабу ғадудҳои дохилӣ, махав, микседема, баъзе навъҳои кератодермия ба мушоҳида мерасад. Сабаби Г.-и химиявӣ таъсири моддаҳои гуногуни химиявӣ – кислотаҳо, ишқорҳо, …

Муфассал »

ГАРВЕЙ

garvey

ГАРВЕЙ, Ҳарви (Harvey) Уилям (01. 04. 1578, Фолкстон, графии Кент – 03. 06. 1657, Лондон), духтури англис, асосгузори таълимоти гардиши хун, физиология ва эмбриология. Фак-ти тиббии Донишгоҳи Кембриҷро хатм карда (1597), дар Падуя ба фаъолият пардохт ва с. 1602 дипломи доктори Ун-ти Падуяро гирифт. Ба Лондон баргашта, аз с. 1607 …

Муфассал »

ГАРДАН

sheya

ГАРДАН (Cervix), қисми дар байни сар ва тан ҷойгиршудаи бадан. Асоси Г. қисми сутунмӯҳра – мӯҳраи гардан мебошад. Мушакҳои Г. як қисми мушакҳои шаклан дигаршудаи бадан маҳсуб мешаванд. Дар Г. ибтидои узвҳои нафас (ҳанҷара, хирной), ҳозима (гулӯ, ғадудҳои оби даҳон, як қисми сурхрӯда), рагҳои хун ва лимфа, ғадуди сипаршакл ва …

Муфассал »

ГАРДИШИ ХУН

blood_padma

ГАРДИШИ ХУН (Haemocirculatio), ҳаракати муттасили хун дар рагҳо. Г. х. ба фаъолияти мӯътадили тамоми узву системаҳои организм, мубодилаи моддаҳо дар байни бофтаю муҳит, танзими ҳарорат ва ғ. мусоидат менамояд. Дар натиҷаи Г. х. бофтаҳо аз оксиген, об, сафеда, карбогидратҳо, равған, моддаҳои минералӣ ва витаминҳо таъмин, аз бофтаҳо гази карбонат ва …

Муфассал »