Главная / Илм / ГАРМАЛАФ

ГАРМАЛАФ

garmalafГАРМАЛАФ (Bidens tripartita), гармича, хори сагак, гиёҳест яксола. Аз 15 то 110 см қад мекашад. Пояаш рости сершохча, бӯри сурхтоб, баргаш паррадор, гулаш найчамонанд, майдаи зард; самараш хоракҳои каҷ дошта ба либос ё пашми ҳайвонот мечаспад. Июн – июл гул карда, авг. мева мебандад. Г. дар ҷойҳои сернам, марғзор, соҳили дарёву ҷӯйборҳо, канори шолизор ва шибирзамин мерӯяд. Дар мавзеъи д. Сир, қ-кӯҳҳои Туркистон, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 800 – 2000 м аз с.б.) вомехӯрад.
Г. растании доруист. Бо мақсади табобат барг ва навдаҳои наврустаи онро меғундоранд (ба дарозии 15 см). Ин корро то гулшукуфт ё дар оғози шукуфтани гул анҷом медиҳанд. Растаниро дар ҷои сояи шамолрас тунук карда, зуд – зуд тагорӯ карда меистанд. Онро метавон то 2 сол нигоҳ дошт. Ҷӯшоби Г.-ро барои муолиҷаи бемориҳои зангила (синга), бронхит, нуқсонҳои ҷигар, узвҳои ҳозима, амрози пӯст (хоришак, шукуфа, экзема) истифода мебаранд. Г. ба таркиби бисёр доруҳои мураккаби наботӣ, ки ҳамчун воситаи тозакунандаи хун муфид мебошанд, дохил карда мешавад. Бо нақеъи он (2 қошуқ алафашро ба 2 истакон оби ҷӯш андохта, 30 – 35 дақ. нигоҳ медоранд; сипас даворо полонда рӯзе 3 маротиба ½ истаконӣ меошоманд) бемории ниқрис, диабети қанд, тарбод, радикулит ва илтиҳоби банду буғумро табобат мекунанд, чун давои пешоброн кор мефармоянд. Табибони тибетӣ бо нақеъи Г. камхунӣ, сӯхтанӣ, атеросклероз, табибони чинӣ бошанд, бемории силро даво мебахшанд. Табибони халқии тоҷик нақеъи баргу пояи Г.-ро барои муолиҷаи вараҷа, нақеъи решаашро ҳангоми бемории обхӯра тавсия медиҳанд. Марҳами алафи Г.-ро ба гармича мемоланд (номи маҳаллиаш аз ҳамин ҷост).
Дар амалияи тиб Г.-ро барои табобати диатези кӯдакон, ширинча ва рахит кор мефармоянд. Ҷӯшоби Г. доруи зидди ширинча аст. Нақеъи онро чун доруи пешобу арақрон ва тақвиятбахши узвҳои ҳозима тавсия медиҳанд.
Г. давои хуби ханозир ва диатези кӯдакон мебошад. Бо ин мақсад 1 чумчаи онро дар 1 истакон об ҷӯшонда (10 дақ.), баъди хунук шудан ба кӯдакони 4 – 5-сола як қошуқча, ба кӯдакони 10 – 12-сола бошад, як қошуқ (рӯзе 3 – 4 маротиба) медиҳанд. Ҳамчунин 3 қошуқ (10 г) – и Г.-ро дар 2 истакон об 10 дақ. меҷӯшонанд; сипас бо он пӯсти беморро тарбандӣ мекунанд ё ба тағорача андохта, кӯдакро оббозӣ медароронанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …