Главная / Илм / ГАРМИЧА

ГАРМИЧА

garmichaГАРМИЧА (Sudamina), гармоб, арақобила, иллати пӯстро гӯянд, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд арақ кардан ва суст бухор шудани он ба амал меояд. Бештар дар мависи гарм кӯдакони ширмак ва хурдсол гирифтор мешаванд. Ба инкишофи Г. ниҳоят тафсидани бадани кӯдак ва гарм печондану пӯшондани он мусоидат мекунад. Калонсолон ҳангоми бемориҳои сироятии шадид (бинобар таб ва арақи бисёр кардан), гармбандӣ кардан, фарбеҳӣ ва ғ. Г. мебароранд.
Г. ба шакли обилачаҳои майда дар тамоми бадан ё ягон қисми он (бештар тахтапушт, сурин, гардан, чинҳои пӯсти байни сурин, зери каши кӯдакон, дар чинҳои зери ғадуди сина, қадкашак, зери каши калонсолон) медамад. Ҳангоми Г. инчунин уқдаҳои сурхи варамкарда ва обилачаҳои газакгирифта ба вуҷуд меоянд. Агар Г. дер пояд, доначаҳо якҷоя шуда, ҷароҳат (хусусан дар чинҳои пӯст) ҳосил мекунанд. Дар пӯсти сари кӯдакони заиф Г. мумкин аст ба иллати римноки пӯст табдил ёбад.
Г.-ро бо маслиҳати духтур табобат мекунанд. Бартараф намудани омилҳое, ки онро ба вуҷуд меоранд, хеле муҳим аст. Ваннаҳои ҳавоӣ, зуд-зуд шамол додани хона, обзанҳо (бо маҳлули перманганати калий), баъди обзан ба чинҳои пӯст пошидани хокаи талқ ва оксиди руҳ, молидани равғани офтобпараст ё маҳлули 1%-и спирти салитсилат, омехтаи шароб бо оби ҷӯшида (ним ҳисса об, ним ҳисса арақ) аҳамияти калон дорад. Пӯшидани либос аз матоъи сунъӣ ҷоиз нест.
Дар фаслҳои гарми сол либоси пахтагин пӯшидан беҳтар аст. Нигоҳубини дурусти бемори муддати зиёд бистарибуда омили муҳими пешгирии Г. мебошад (либоси таги беморро зуд-зуд иваз карда, ба баданаш маҳлули 1 – 2-фоизаи спирти салитсилат ё борат, лосёни спиртдор молидан лозим). Ба кӯдакони хурдсол либоси бисёр пӯшондан ё онҳоро сахт парпеч кардан ҷоиз нест; қабули мунтазами ваннаҳои ҳавоӣ ва обӣ муфид аст.
К.И. Исмоилов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …