Хабарҳои охирин

ДЕЗАКТИВАТСИЯ

dezaktivasiya

ДЕЗАКТИВАТСИЯ (Desactivatio), деконтаминатсия, бо мақсади пешгирии заҳролудии одамон нест кардани моддаҳои радиоактив аз техника, либос, маҳал, бино, манбаи об. Моддаҳои радиоактивро аз тани одам бо роҳи безараргардонии санитарӣ дур мекунанд. Д.-ро ҳангоми олоиши радиоактивии муҳити атроф, ки дар натиҷаи фалокат дар таҷҳизоти ядроӣ, вайрон кардани техникаи бехатарӣ (дар аснои бо …

Муфассал »

ДЕЗИНСЕКСИЯ

dezinseksiya

ДЕЗИНСЕКСИЯ (Desinsectio; аз дез … ва лот. insectum – ҳашарот), тадбирҳои маҳв намудани бандпойҳо (ҳашарот ва кана), ки паҳнкунандаи ангезандагони бемориҳо, зараррасони хӯрокворӣ ва растаниҳо мебошанд. Дар хона Д.-ро барои нест кардани магас, нонхӯракҳо, кайк, шабушк, ҳамчунин муҳофизат аз хомӯшаку канаҳо (ниг. Репеллентҳо) истифода мебаранд. Д. пешгирикунанда ва маҳвсозанда мешавад. …

Муфассал »

ДЕЗИНФЕКСИЯ

dezinfeksiya

ДЕЗИНФЕКСИЯ (Desinfectio; аз дез … ва лот. infectio – сироят), гандзудоӣ, бесироятгардонӣ, маҳви ангезандаи бемориҳои сироятӣ (бактерияҳо, вирусҳо ва ғ.). Ба маънои васеъаш мафҳуми Д. дезинсексия (маҳви ҳашароту канаҳои барои одам зараррасон) ва дератизатсия (маҳви хояндаҳои зараррасон)-ро низ дарбар мегирад. Д. се хел мешавад: ҷорӣ, ниҳоӣ ва ҷилавгир (профилактикӣ). Д.-и …

Муфассал »

ДЕЗОДОРАНТҲО

dezodoranti

ДЕЗОДОРАНТҲО, моддаҳоеро гӯянд, ки барои кам ё нест кардани бӯи бад истифода мешаванд. Д. аз моддаҳои рафъи бӯй, хушбӯй (одорантҳо), бактериякуш ва ғ. иборат мебошанд. Барои равондани бӯи ташноб, ҳоҷатхона, матбах ва ғ. моддаҳои аэрозолии «Ветерок», «Гвоздика», «Озодон», «Поляна» ва ғ. истеҳсол мешаванд. Дезодорантҳои «Букет», «Сиреневый» хосияти зиддимикробӣ доранд; дезодорантҳои …

Муфассал »

ДЕЗОДОРАТСИЯ

dezzodoratsiya

ДЕЗОДОРАТСИЯ [Desodor(is)a], рафъи бӯй, нест кардани бӯи бад. Бӯи бад асосан ҳангоми пӯсида вайрон шудани моддаҳои органикӣ – партовҳои гуногун, ахлоти одам ва ҳайвонот, хӯрокворӣ, инчунин дар биноҳое, ки ҳаво нағз тоза намешавад, паноҳгоҳҳои зеризаминӣ, палатаҳои шӯъбаи ҷарроҳии амрози римдори беморхонаҳо ва ғ. пайдо мешавад. Баъзе корхонаҳои саноатӣ, мас., фабрикаҳои …

Муфассал »