Главная / Илм / ДЕЗИНСЕКСИЯ

ДЕЗИНСЕКСИЯ

dezinseksiyaДЕЗИНСЕКСИЯ (Desinsectio; аз дез … ва лот. insectum – ҳашарот), тадбирҳои маҳв намудани бандпойҳо (ҳашарот ва кана), ки паҳнкунандаи ангезандагони бемориҳо, зараррасони хӯрокворӣ ва растаниҳо мебошанд. Дар хона Д.-ро барои нест кардани магас, нонхӯракҳо, кайк, шабушк, ҳамчунин муҳофизат аз хомӯшаку канаҳо (ниг. Репеллентҳо) истифода мебаранд.
Д. пешгирикунанда ва маҳвсозанда мешавад. Тадбирҳои пешгирикунанда чунинанд: тозаву озода нигоҳ доштани хонаву ҷой; бо латтаи нам тоза кардани ашё; ба дару тирезаҳо кашидани тӯр; дар зарфҳои махсус нигоҳ доштани хӯрокворӣ, пӯшондани сарпӯши ахлотдон; риоя кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ; мунтазам шустану иваз кардани ҷойпӯш, либоси таг ва ғ. (пайдоиш ва афзоиши шабушкро пешгирӣ мекунад); ба тартиб даровардан, мунтазам рӯбучин кардан ва шамол додани биною таҳхонаҳо бо мақсади пайдо нашудани пашшаву кӯрпашша; тоза кардани ҷӯю ҳавз ва заҳбурҳо; бо хок пур кардани хандақҳо, чуқуриҳо, кӯлмакҳо; барои бочкаю чалак ва чоҳҳои об сохтани сарпӯш (бо ин роҳ афзоиши хомӯшакҳо пешгирӣ карда мешавад).
Тадбирҳои маҳвсозандаро бо усулҳои физикӣ, химиявӣ ва биологӣ мегузаронанд.
Усулҳои физикии нест кардани ҳашарот чунинанд: такондану афшондани либос, кӯрпаву болин, гилем, пардаҳои дару тиреза ва ғ.; истифодаи чангкашак барои тоза кардани хона ва маҳв сохтани баъзе ҳашарот (мас., нонхӯракҳо, кайк, куя); кор фармудани домҳои гуногун (бар зидди магасу нонхӯракҳо), оби ҷӯш (барои нобуд кардани тахтаканаю нонхӯрак), дарзмоли гарм ва ҳавои тафсони камераи дезинфексия (барои нобуд кардани шабушк).
Ба воситаҳои химиявии маҳви бандпойҳо гексахлоран (гексахлорсиклогексан ё ГХСГ), ДДТ (дихлордифенилтрихлорэтан), дихлорпинен, полихлоркамфен, хлорофос, карбофос, севин, паретрум, диметрин, аллетрин ва ғ. мансуб мебошанд. Моддаҳои химиявиро дар намуди хока (дуст), маҳлул, аэрозол ва ғ. истифода мебаранд. Аз рӯи тарзи таъсир онҳоро ба тамосӣ (асосан тавассути пӯсти ҳашарот таъсир мерасонанд), рӯдаӣ (ба организми ҳашарот бо ғизо ворид мешавад) ва фумигантҳо (дудкунандаҳо; тавассути роҳи нафас дохил мегарданд) ҷудо мекунанд. Вобаста ба таъсирашон ба бандпойҳо онҳо ба заҳри зидди ҳашарот (инсектисидҳо), зидди кана (акарисидҳо), зидди кирмина (ларвисидҳо), зидди тухми ҳашароту кана (овисидҳо) тақсим карда мешаванд.
Усулҳои биологии Д. ба таъсири «зинда зидди зинда» асос ёфтаанд, яъне барои Д. ангезандаи касалиҳои ҳашарот ё душманони табиии онҳоро кор мефармоянд (мас., моҳичаҳо, ки кирминаи пашшаҳои вараҷаро маҳв месозанд). Бо роҳи физикӣ ва химиявӣ бенасл гардондани наринаҳо низ ба усулҳои биологии Д. дохил мешавад. Усулҳои биологии Д.-ро бинобар мураккаб буданашон дар амал бисёр кор намефармоянд.
Ниг. низ Кайк, Шабуш, Шабушнокӣ, Кана, Пашша, Магас.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …