Хабарҳои охирин

ДЕМЕНСИЯ

demensiya

ДЕМЕНСИЯ, камақлии ғайримодарзодӣ,заъфи устувори қобилияти зеҳнӣ ва интеллект, ки бо кам шудани захираи дониш, ихтилоли хотира (ҳофиза) ва муҳокимаронӣ, коста шудани тахаюлот, аз даст додани малака ва ғ. падид меояд. Д. дар натиҷаи бемориҳои гуногун, мас., фалаҷи хурӯҷёбанда, амрози қишри мағзи сар (бемории Алтсгеймер ва Пик), саръ, шизофрения, осеби майна, …

Муфассал »

ДЕМОГРАФИЯ

demografiya

ДЕМОГРАФИЯ (аз юн. démos – халқ ва …графия), илмест, ки баҳисобгирии аҳолӣ ва қонунҳои тараққиёти онро меомӯзад. Истилоҳи «Д.»-ро бори аввал олими франсавӣ А. Гийар с. 1855 дар асари тадқиқотиаш «Унсурҳои статистикаи аҳолӣ ё демографияи муқоисавӣ» истифода кардааст. Д. қонунияти ҳодисот ва протсессҳоеро, ки дар структура ва афзоиши аҳолӣ ба …

Муфассал »

ДЕМОДЕКС

demodex

ДЕМОДЕКС, як навъ кана. Дар фолликулаҳои мӯйи одам ва пашми ҳайвонот зиндагӣ мекунад; онро дар ғадудҳои равған низ пайдо кардан мумкин аст. Рангаш сафедча, дарозиаш 0,15 – 0,48 мм. Ғизои Д. ҳуҷайраҳои фолликулаҳои мӯй, маводи косметикие, ки ба пӯст молида мешаванд, ҳамчунин мӯҳтавои ғадудҳои равған мебошанд. Д. метавонад аз масомаи …

Муфассал »

ДЕНГЕ

denge

ДЕНГЕ (Dengue), як навъ бемории сироятӣ. Дар ду шакл ҷараён мегирад: табларзаи муқаррарӣ ва табларзаи хунрез. Д. дар баъзе мамлакатҳои Америка, Африка, Осиёи Ҷан. ва Ҷан. Шарқӣ, Юнон. Испания ва ғ. дучор меояд. Ангезандаи беморӣ вирус аст. Онро дар хуни мариз дар ох. давраи ниҳонӣ ва 3 – 5 рӯзи …

Муфассал »

ДЕНТИН

dentin

ДЕНТИН (лот. dens – дандон), яке аз намудҳои бофтаи устухонии дандон. Д. аз устухон бо сахтиаш худ фарқ мекунад. Таркиби Д. аз 64% намакҳои минералӣ, 28% моддаҳои органикӣ ва қариб 8% об иборат аст. Д. аз моддаҳое, ки торҳои коллагенӣ доранд ва ҷӯякҳои дандон (ба воситаи онҳо ба Д. шохчаҳои …

Муфассал »