Хабарҳои охирин

ДЕВГАНДУМ

devgandum

ДЕВГАНДУМ (Agrostemma githago), гиёҳест худрӯй. Пояаш рост (30 – 80 см)-и камшоха, баргаш борики дароз ва нештармонанд. Гулаш тоқа-тоқа, калон, гулобӣ. Баргу пояаш серпашмак. Ғӯзааш то 40 дона тухм (дарозиаш 2,5 – 3,5 мм) дорад; тухмаш гурдашакл; тухми расидааш 98 – 100% месабзад. Д. дар водиҳои паст ва доманакӯҳҳо мерӯяд. …

Муфассал »

ДЕВОНАЕВ Олимҷон Темурович

devonaey-olimchon

ДЕВОНАЕВ Олимҷон Темурович (тав. 18. 07. 1961, деҳаи Зиракии ноҳ. Кӯлоби вил. Хатлон), анатом, доктори илмҳои тиб (2007), проф. (2011), Аълочии маорифи ҶТ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1984). Ассистент (1984 – 87), аспирант (1987 – 90), ассистент (1990 – 94), дотсент ва мудири кафедраи анатомияи одами ДДТТ ба номи …

Муфассал »

ДЕГАЗАТСИЯ

degazatsiya

ДЕГАЗАТСИЯ (Degasati; аз де … ва франс. gaz – газ), безарар гардонидан ё бартараф кардани моддаҳои заҳрогин (МЗ) аз маҳалҳои заҳролудшуда. Д.-ро бо мақсади зиён нарасидан ба одамон амалӣ мегардонанд. Маҳал, сохтмон, ҳаво, об, хӯрокворӣ, сару либос ва ҳамаи ашёи заҳролуд Д. карда мешаванд. Бо мақсади Д. аз усулҳои механикӣ, …

Муфассал »

ДЕГТЯРЕВ Юлий Лвович

no-photo

ДЕГТЯРЕВ Юлий Лвович (тав. 12. 01. 1929, ш. Ростови соҳили Дон), эпидемиолог, доктори илмҳои тиб, проф., Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи Донишкадаи тиббии ш. Тошканд (1949) ва Донишкадаи тиббии ш. Ростови лаби Дон (1952). Сардухтури Бунгоҳи санитарию эпидемиологии ноҳ. Регар (ҳоло Турсунзода; 1952 – 54), сардухтури Бунгоҳи санитарию эпидемиологии вил. Ленинобод …

Муфассал »

ДЕЗ …

dez

ДЕЗ … (франс. des …), сарчаспак, ки ба маънои нобуд кардан, маҳв намудан, дур сохтан меояд, мас., дезактиватсия, дезинсексия, дезинфексия.

Муфассал »