Главная / Илм / ДЕЗАКТИВАТСИЯ

ДЕЗАКТИВАТСИЯ

dezaktivasiyaДЕЗАКТИВАТСИЯ (Desactivatio), деконтаминатсия, бо мақсади пешгирии заҳролудии одамон нест кардани моддаҳои радиоактив аз техника, либос, маҳал, бино, манбаи об. Моддаҳои радиоактивро аз тани одам бо роҳи безараргардонии санитарӣ дур мекунанд.
Д.-ро ҳангоми олоиши радиоактивии муҳити атроф, ки дар натиҷаи фалокат дар таҷҳизоти ядроӣ, вайрон кардани техникаи бехатарӣ (дар аснои бо изотопҳои радиоактив кор кардан) ё кашондани партовҳои радиоактив ба амал меояд, мегузаронанд. Д. дар вақти ҷанг барои барҳам додани оқибати таъсири яроқи ядроӣ ба амал бароварда мешавад. Дар истеҳсолоте, ки кормандонаш бо моддаҳои радиоактив сарукор доранд, Д.-ро аз рӯи нақша мегузаронанд.
Аз чизҳои муҳофиз дур кардани моддаҳои радиоактив ягона воситаи мубориза бар зидди олоиши радиоактивӣ аст. Суръати таҷзияро суст ё тез кардан имкон надорад. Аз ин рӯ, алҳол таҷзияи радиоактивии элементҳоро идора кардани инсон имконнопазир аст. Моддаҳои радиоактив мисли микроорганизмҳо нобуд ё чун моддаҳои химиявӣ бетаъсир карда намешаванд. Вазифаи асосии Д. дараҷаи олоиши онҳоро ҳатталимкон кам кардан аст. Бо ин мақсад аз усулҳои физикӣ, химиявӣ, физикию химиявӣ ва биологӣ истифода мебаранд. Мас., чанги радиоактиви болои ягон объектро ба тавассути усулҳои физикӣ (шустан, бо латта пок кардан, бо асбобҳои регпош тоза намудан ва ғ.) дур мекунанд. Агар усули физикӣ нафъ наорад, Д.-ро ба тариқи химиявӣ ва физикию химиявӣ (маҳлули кислотаҳо, ишқорҳо, воситаҳои шӯянда ва диг. пайвастҳое, ки бо моддаҳои радиоактив комплексҳои ҳалшаванда ҳосил мекунанд) гузаронидан мумкин аст.
Оддитарин усули Д.-и сарулибос афшондан ва бо чӯткаю чангкашак тоза кардани онҳо аст. Агар ин корҳо самара набахшанд, ашёро дар ҷомашӯйхонаҳои махсус бо васоити синтезӣ безарар мегардонанд.
Барои Д.-и моеъот аз воситаҳои кафковар, ҳалкунанда ва ғ. истифода мебаранд. Ғайр аз ин, барои Д.-и об филтрҳои биологиро кор мефармоянд.
Барои Д.- и ғизое, ки дар халтача гирифта шудааст, халтачаро тоза мешӯянд; қабати болои ғизои кушодаро бошад, гирифта мепартоянд. Дар аснои бо моддаҳои зудтаҷзияи радиоактив олуда шудани об, хӯрокворӣ ва ғ. онҳоро барои кам гаштани радиоактивият (аз ҳисоби таҷзияи табиӣ) чанд рӯз нигоҳ медоранд.
Д. бо қувваи худӣ ё бо кӯмаки ташкилоти махсуси мудофиаи гражданӣ гузаронда мешавад. Сифати Д.-ро бо асбобҳои дозиметрӣ ва радиометрӣ назорат мекунанд. Ҳангоми Д. одамон бояд аз васоити муҳофизат истифода баранд, либосҳоро такроран аз назорати дозиметрӣ гузаронанд, баъди Д. ба безараргардонии пурраи санитарӣ фаро гирифта шаванд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …