Хабарҳои охирин

ДЕОНТОЛОГИЯ

deontologiya

ДЕОНТОЛОГИЯ (аз юн. deon – зарурӣ, даркорӣ, вазифашиносӣ ва логия), илмест дар бораи иҷрои вазифа ва масъалаҳои одобу ахлоқи кормандони тиб ва самаранокии муолиҷа. Д.-ро ҳамчун истилоҳи ифодакунандаи назарияи ахлоқ ох. а. 18 файласуфи англис И. Бентам пешниҳод кардааст. Д.-и тиббӣ ҷамъбасти қоидаю талабот оид ба иҷрои вазифа, одобу рафтор …

Муфассал »

ДЕРАТИЗАТСИЯ

deratizaciya

ДЕРАТИЗАТСИЯ (Deratisatio; аз де … ва франс, rat – калламуш), нобуд кардани хояндаҳое, ки ба кишоварзӣ зарари иқтисодӣ расонда, ҳамчунин манбаъ ё паҳнкунандаи ангезандаи бемориҳои сироятии одамон мебошанд. Д. тадбирҳои профилактикӣ ва маҳвсозиро дарбар мегирад. Аз лонаю хӯрок маҳрум кардани хояндаҳо, пешгирӣ намудани афзоиш, ба биноҳо роҳ надодани онҳо аз …

Муфассал »

ДЕРМА

derma

ДЕРМА (юн. derma – пӯст), қисми пӯсти ҳайвонҳои мӯҳрадор ва одам, ки дар зери эпидермис ҷой гирифтааст. Д. аз ду қабат иборат аст: қабати болоӣ ва қабати поёнӣ. Қабати болоӣ асосан вазифаи ғизогирии эпидермис ва ҳосилаҳои он (ғадудҳо, пар, мӯй)-ро иҷро мекунад; вай рагҳои зиёд ва сохти ковок дорад. Қабати …

Муфассал »

ДЕРМАТИТҲО

dermatitho

ДЕРМАТИТҲО (Dermatitis), газаки пӯст, як навъ бемории пӯст, ки аз таъсири ангезандаҳои берунӣ – моддаҳои химиявӣ, омилҳои физикӣ, инчунин аз таъсири моддаҳои наботӣ ба вуҷуд меояд. Д. бештар ҳангоми дар рӯзгор ва истеҳсолот бо моддаҳои гуногуни химиявӣ, яъне бо кислотаҳо, ишқорҳо, сода, скипидар, рангҳои анилинӣ ва ғ. сарукор доштан, инчунин …

Муфассал »

ДЕРМАТО…

dermato

ДЕРМАТО…, қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба пӯст, бемориҳои пӯст мансуб буданро ифода мекунад, мас., дерматозҳо, дерматология, дерматомикозҳо, дерматомиозит.

Муфассал »