Хабарҳои охирин

ДИАЛИЗ

dializ

ДИАЛИЗ (юн. diálysis – ҷудокунӣ), ҷудо кардани омехтаи моддаҳои хурдмолекула аз системаи коллоидӣ ва маҳлули пайвастҳои калонмолекула бо ёрии мембранаҳои табиӣ (пуфаки гов, пергаменти наботот) ва сунъӣ (селлофан, коллодий ва ғ.). Д. мувофиқи қонунҳои диффузия суст ҷараён мегирад. Аз ин рӯ, барои тезондани Д. ғайр аз диализаторҳо (асбобҳо барои Д.) …

Муфассал »

ДИАПЕДЕЗ

diapedez

ДИАПЕДЕЗ (Diapedesis), яке аз тарзҳои хуншорӣ, ки ҳангоми он эритроситҳо ба бофтаҳои атроф аз девораҳои осебнаёфтаи мӯрагҳо ва венаҳои хурд (бинобар ихтилоли тонус ва афзудани нуфузпазирии онҳо) ворид мешаванд. Д. бисёр вақт ҳангоми гипоксия, хусусан бемориҳои ишимиявӣ (мас., ҳангоми сактаи миокард), заҳролудӣ, витаминкоҳӣ ва ихтилоли лахтабандии хун ба мушоҳида мерасад.

Муфассал »

ДИАТЕЗ

diatez2

ДИАТЕЗ (юн. diathesis – майл доштан), нуқси модарзодии раванди мубодилаи моддаҳо. Д. бо аломатҳои махсус ва бемориҳо зоҳир мешавад. Механизми такомули Д. ба системаи вегетативии асаб ва тарашшӯҳи дохилӣ алоқаманд аст. Бештар намудҳои зерини Д. вомехӯранд: Д.-и экссудативӣ-назлавӣ (аксар вақт дар синни кӯдакӣ ба вуҷуд омада, кӯдак ба саглес ва …

Муфассал »

ДИАТЕЗИ ХУНРЕЗ

diatez

ДИАТЕЗИ ХУНРЕЗ (Diathesis haemorrhagia), диатези геморрагӣ, як гурӯҳи бемориҳост, ки аломати асосии онҳо хунравии аз эътидол зиёд (дар натиҷаи кафидани раги хун дар зери пӯст, ҷавфи бандҳо, хуншорӣ аз бинӣ, милки дандонҳо, бачадон, гурдаҳо, таровидани давомноки хун аз ҷароҳат, баъд аз кандани дандон ва ғ.) мебошад. Кафидани раги хун ва …

Муфассал »

ДИАТЕРМИЯ

Äèàòåðìèÿ

ДИАТЕРМИЯ (юн. diathermáino – гарм мекунам), эндотермия, яке аз усулҳои физиотерапия, ки ҳангоми он бофтаю узвҳо бо ҷараёни баландбасомади электр гарм карда мешаванд. Д. – ро с. 1905 духтури чех Р. Сейнек дар амалияи тиб ҷорӣ намуд. Онро ҳангоми бемориҳои илтиҳобии музмин, бемориҳои шадиди илтиҳобии узву системаҳо, ихтилоли тағзия, илтиҳоби …

Муфассал »