Главная / Илм / ДЕЗИНФЕКСИЯ

ДЕЗИНФЕКСИЯ

dezinfeksiyaДЕЗИНФЕКСИЯ (Desinfectio; аз дез … ва лот. infectio – сироят), гандзудоӣ, бесироятгардонӣ, маҳви ангезандаи бемориҳои сироятӣ (бактерияҳо, вирусҳо ва ғ.). Ба маънои васеъаш мафҳуми Д. дезинсексия (маҳви ҳашароту канаҳои барои одам зараррасон) ва дератизатсия (маҳви хояндаҳои зараррасон)-ро низ дарбар мегирад.
Д. се хел мешавад: ҷорӣ, ниҳоӣ ва ҷилавгир (профилактикӣ). Д.-и ҷориро муттасил дар хонаи зисти бемор, Д.-и ниҳоиро баъди ба беморхона бурдан (аз дигарон ҷудо кардан) ё шифо ёфтани мариз ва Д.-и ҷилавгирро пай дар пай барои безарар гардондани гандаоб, партовгоҳҳо, ҷойҳои серодам (вокзал, ҳаммом, бозор ва мағозаҳо), ки хавфи паҳн гаштани амрози сироятӣ вуҷуд дорад, мегузаронанд.
Барои Д. воситаҳои механикӣ, физикӣ ва химиявиро истифода мебаранд. Бо латтаи нам тоза кардани хона, афшондани либос ва кӯрпаву болин, бо чангкашак тоза кардани чанги хона ва либосҳо, шамол додан, сафед ва ранг кардани хона, шустани даст воситаҳои механикии Д. маҳсуб мешаванд. Бо ин роҳ қариб 50 – 75%-и микробҳо маҳв мегарданд. Хушконидан, нури офтоб, афканишоти ултрабунафш (лампаи симобию квартсӣ), оташ (сӯзондани ахлот, партовҳо, ашёи нодаркор, тафсондани чизҳои филизӣ) ва оби ҷӯш воситаҳои физикии Д. мебошанд. Дар камераҳои гандзудоӣ буғи об ва ҳавои гарм, дар автоклавҳо бошад, буғи обро истифода мебаранд. Кислотаҳо, ишқорҳо, оҳаки хлорнок, хлорамин, фенол, крезолҳо (лизол, нафтализол), формалин, сулема ва ғ. васоити химиявии Д. буда, дар намуди маҳлулҳои гуногун ба кор мераванд (формалин дар ҳолати газ ҳам истифода мешавад).
Ҳангоми баъзе амрози сироятӣ Д.-ро дар хона мегузаронанд. Дар вақти бемориҳои сироятии рӯда (исҳоли хунин, тифи ҳасбавӣ ва баргарданда ва ғ.) косаву табақи беморро дар маҳлули 1%-и сода, либоси таг ва лавозимоти бистариро дар маҳлули 2%-и содаю собун ё маҳлули ягон воситаи шӯянда 15 дақ. меҷӯшонанд. Ба пешобу наҷосати бемор оҳаки хлорноки хушк мепошанд, баъд омехта карда 1 соат нигоҳ медоранд ва сипас ба канализатсия ё чоҳи ахлот мерезанд.
Ашёи нигоҳубини бемор (гармкунак, клеёнкаи таг, халтаи резинии ях)-ро бо латтае, ки дар маҳлули 0,5%-и хлорамин ё бензилхлорфенол тар карда шудааст, тоза мекунанд. Кӯрпаву болин ва либоси рӯйро бо чӯткае, ки ба ин маҳлул тар карда шудааст, тоза бояд кард. Ванна, ҳоҷатхона ва дастшӯякро бо маҳлули 0,5%-и оҳаки хлорнок (ё хлорбетанафтол), фарши хонаи беморро бошад, бо латтаи ба маҳлули 1%-и хлорамин (ё 0,5%-и хлорбетанафтол ё бензилхлорфенол) таркарда пок мекунанд.
Дар аснои бемориҳои сироятӣ (тифи ҳасбавӣ ва тифи баргарданда) бемор ва парасторон аз безараргардонии санитарӣ мегузаранд; либосҳо ва кӯрпаву болини беморро ба камераи дезинфексионӣ мефиристанд. Ҳангоми грипп косаву табақро 2 – 3 маротиба бо оби ҷӯш мешӯянд (ё дар маҳлули ягон моддаи шӯянда меҷӯшонанд). Рӯймолча ва сачоқи беморро ҷамъ карда, дар маҳлули ягон воситаи шӯянда ҷӯшондан лозим аст. Хонаи зистро тез-тез шамол дода, фаршро рӯзе 2 – 3 маротиба бо латтаи дар маҳлули 0,2%-и хлорамин таркарда пок мекунанд.
Ҳангоми бемориҳои сурхча ва ханозир хонаро мунтазам шамол дода, фаршро бо латтаи нам пок кардан муҳим мебошад.
Дар давраи бемории гулӯзиндонак ва махмалак бошад, косаву табақ, бозичаҳои резинӣ ва филизии берангро 15 дақ. меҷӯшонанд; либоси рӯй, ҷойпӯш, рӯмолча ва сачоқро ҷамъ карда, дар маҳлули 2%-и содаву собун тар мекунанд (сипас 15 дақ. меҷӯшонанд). Хонаро мунтазам шамол дода, ба фарш маҳлулҳои 0,5%-и хлорамин ё 3%-и пероксиди гидроген бо сулфонол мепошанд ё бо латтае, ки ба яке аз ин маҳлулҳо тар карда шудааст, пок мекунанд. Асбобу анҷоми хона, дастаки дар ва зертахтаи тиреза бо ҳамин латта пок карда мешавад.
Дар аснои бемории сил аз се як қисми туфдони беморро бо об пур ва 10 г оҳаки хлорноки хушк ҳамроҳ мекунанд (баъди як соат онро мепартоянд); ба туфдон то нисф маҳлули 3%-и хлорамин рехта, баъди бо балғам пур шудани он, соате нигоҳ медоранд ва сипас ба канализатсия мерезанд. Косаву табақро дар маҳлули 2%-и содаю собун 15 дақ. меҷӯшонанд; либосҳо ва ҷойпӯшро дар ҳамин маҳлул ё маҳлули ягон моддаи шӯянда тар карда, сипас 15 дақ. бояд ҷӯшонд. Хонаро мунтазам шамол дода, бо латтаи тар (оби ҷӯши собундор) тоза мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …