Главная / Илм / ДЕЗОДОРАТСИЯ

ДЕЗОДОРАТСИЯ

dezzodoratsiyaДЕЗОДОРАТСИЯ [Desodor(is)a], рафъи бӯй, нест кардани бӯи бад. Бӯи бад асосан ҳангоми пӯсида вайрон шудани моддаҳои органикӣ – партовҳои гуногун, ахлоти одам ва ҳайвонот, хӯрокворӣ, инчунин дар биноҳое, ки ҳаво нағз тоза намешавад, паноҳгоҳҳои зеризаминӣ, палатаҳои шӯъбаи ҷарроҳии амрози римдори беморхонаҳо ва ғ. пайдо мешавад. Баъзе корхонаҳои саноатӣ, мас., фабрикаҳои пӯстиндӯзӣ, заводҳои пӯсту чарм, баъзе коргоҳҳои химиявӣ доимо бӯи махсус доранд. Аз шахсе низ, ки тӯлонӣ ба бемории вазнин гирифтор аст, бӯи бад меояд.
Бӯи бад дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои санитарии истифодаи бино ва диг. иншоот, иҷро нашудани талаботи нигоҳдории муассисаҳои коммуналию маишӣ, норасоии ҳавои тоза, риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Бинобар ин Д. нафақат аҳамияти эстетикӣ, балки аҳамияти муҳимми санитарӣ низ дорад.
Д.-ро аз усули оддии бартараф кардани бӯи бад (тавассути моддаҳои хушбӯй) фарқ бояд кард. Мас., бо равғани эфир ё сӯзанбарг пур кардани дезодоратор (озонатор)-ҳои ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ, гузоштани қурси нафталин ба писсуар (зарфи пешоби ҳоҷатхона), тайёр кардани шамъ, коғаз, хокаҳои махсус аз моддаҳои хушбӯй бӯи бадро нест мекунанд. Вале ин ҳама фақат аҳамияти эстетикӣ дошта, сабаби пайдоиши бӯи бадро бартараф карда наметавонанд.
Д. дар навбати аввал андешидани тадбирҳоеро дар назар дорад, ки пайдоиши бӯи бадро пешгирӣ мекунанд: дуруст нигоҳ доштани озуқаворӣ, мунтазам нест кардани партовҳо, мувофиқи қоидаҳои санитарӣ дуруст истифода бурдан ва нигоҳ доштани халоҷо, қубури ахлот ва ҷойҳои ахлотғундор, озода нигоҳ доштан ва нағз шамол додани биноҳои истиқоматию идораҳо, риояи гигиенаи шахсӣ ва ғ.
Дар аснои ғайриимкон будани раҳоӣ аз муҳити бадбӯй (набудани нақлиёт, вентилятсия, об) Д.-ро бо усулҳои физикӣ ва химиявӣ мегузаронанд. Ба чизҳои пӯсанда хок, рег, торф (8 – 10 см) ё оҳаки хлордор ва ношукуфта мепошанд. Оҳаки хлордор ва ношукуфта хосияти безараргардонӣ дошта, воситаи худи Д. мебошад (микробҳои пӯсишро нобуд мекунад). Барои Д. маҳлули 2%-и оҳаки хлордор ва ношукуфта, инчунин маҳлули 20%-и даҳани фарангро кор мефармоянд. Дар шароити хона (дар халоҷо, ванна) бо мақсади Д. метавон аз маҳлули 0,5 – 1% перманганати калий, маҳлули пероксиди гидроген ва ғ. истифода бурд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …