Хабарҳои охирин

ЁРИИ ТИББИИ БЕРУН АЗ БЕМОРИСТОН

ambulatoriya

ЁРИИ ТИББИИ БЕРУН АЗ БЕМОРИСТОН, як навъи маъмули кӯмаки тиббӣ. Онро асосан дармонгоҳҳо, амбулаторияҳо, диспансерҳо, бунгоҳҳои фелдшерию акушерӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, стансияҳои ёрии тиббии таъҷилӣ ва ғ. мерасонанд. Муассисаҳои Ё. ҳангоми муроҷиат кардани беморон, инчунин ба шахсоне, ки дар хона, корхона, нақлиёт, ҷойҳои ҷамъиятӣ бемор шудаанд ва осеб дидаанд, ёрӣ хоҳанд …

Муфассал »

ЁРИИ ТИББИИ ТАЪҶИЛӣ

skoraya-pomosh

ЁРИИ ТИББИИ ТАЪҶИЛӣ, як навъ умури ҳифзи тандурустист. Ё ҳангоми рух додани фалокат (захмдорӣ, шикастани устухон, сӯхтан, заҳролудӣ, барқ задан ва ғ.), инчунин дар ҳолатҳои барои ҳаёт хавфовар (аз ҳуш рафтан, дарди дил ва ғ.) хоҳ рӯзу хоҳ шаб расонда мешавад. Ё.-ро дар ҷои ҳодиса (кӯча, ҳавлӣ, ҷои кор), агар …

Муфассал »

ЁРОВ Нарзӣ Қурбонович

nophoto

ЁРОВ Нарзӣ Қурбонович (тав. 24. 10. 1941, деҳаи Дарғи ноҳ. Айнӣ), духтури терапевт, доктори илми тиб (1991), проф. (1992). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1965). Духтури терапевти беморхонаи ш. Норак (1965 – 66), ординатори клиникӣ (1966 – 67), ассистент (1967 – 83), дотсенти кафедраи таълими бемориҳои …

Муфассал »

ЕВГЕНИКА

evgenika

ЕВГЕНИКА (аз юн. eugenes – зоти хуб, хушзот), таълимот дар бораи солимии ирсии одам ва роҳҳои беҳтар намудани хосиятҳои ирсии инсон. Дарёфти роҳҳои фаъоли таъсир бо таҳаввулоти инсоният (бо мақсади такмили минбаъдаи сиришти он) ва пешгирии аз насл ба насл гузаштани бемориҳои ирсӣ низ масъалаҳои асосии омӯзиши Е. мебошанд. Истилоҳи …

Муфассал »

ЕВСТАХИИТ

evstahiit

ЕВСТАХИИТ, бемории найи сомеа (найчаи Евстахиев), ки боиси ихтилоли ҳавогирии гӯши миёна мешавад. Е. ба бемории ҷавфи нақорамонанд робитаи зич дорад. Бинобар ин бисёр вақт ҳар ду бемориро муттаҳид карда, салпингоотит ё тубоотит меноманд. Е. шадид (ҳангоми грипп, назла) ва музмин мешавад. Аломат ва ҷараёни маризӣ ба мавқеи он дар …

Муфассал »