Хабарҳои охирин

ЙОД

yod

ЙОД (Iodum), I, элементи химиявии гурӯҳи VII системаи даврии Менделеев, рақами ат. 53, массаи ат. 126, 904, мансуби галогенҳо. С. 1811 химики франсавӣ Б. Куртуа кашф кардааст. Дар табиат дар намуди пайвастҳои собити 127I вомехӯрад. 131I ва 133I – изотопҳои муҳими радиоактиви сунъии Й. мебошанд. Миқдори Й. дар қишри Замин …

Муфассал »

ЙОДАМИД

yodamid

ЙОДАМИД (Iodamidum), як навъ моддаи контрастӣ (аксдиҳанда). Бо мақсади ангиография (тадқиқи рентеноконтрастии ҷавфи дил, аорта), артериографияи канорӣ, ангиографияи майна, урографияи таъҷилӣ ва ғ. кор мефармоянд. Ҳангоми истифодаи Й. мумкин аст бемор тасф кунад, сар чарх зада дил беҳузур шавад, саглес, варами Квинке, аксуламалҳои аллергӣ ба вуҷуд оянд. Й.-ро дар мавриди …

Муфассал »

ЙОДИНОЛ

yodinol

ЙОДИНОЛ (Iodinolum), як навъ дору; антисептик барои молидан ба пӯст. Маҳлули обӣ (1%) буда, таркиби он аз 0,1 г йод, 0,3 г йодиди калий, 0,9 г спирти поливинилӣ иборат аст. Дар шишачаҳо (100 мл) гирифта мешавад. Й.-ро барои муолиҷаи тонзиллити музмин, отити римнок, бемориҳои римноки ҷарроҳиталаб, захмҳои варикозӣ, сӯхтагии ҳароратӣ …

Муфассал »

ЙОДОДЕРМА

yododerma

ЙОДОДЕРМА (аз йод ва дерма), як тарзи осеб ёфтани пӯст, ки бинобар дуру дароз истифода бурдани доруҳои йод, хусусан йодиди калий ба вуҷуд меояд. Ҳангоми идиосинкразия нисбати доруҳои мазкур Й. метавонад ҳатто баъди як маротиба истифода бурдани йод инкишоф ёбад. Аломати Й. дар пӯст пайдо шудани ташкилаҳои омосшакли дарднок аст. …

Муфассал »

ЙОДОЛИПОЛ

yodolipol

ЙОДОЛИПОЛ (лот. iodolipolum), равғани йоднокшуда. Рангаш зард ё зарди бӯртоб, аз 29 – 31% йод иборат аст. Дар об ҳал нашуда, дар спирт каму беш ҳал мешавад. Таъми Й. равғани кастонаро мемонад. Ба эфир ва хлороформ дар ҳар гуна таносуб омехта мегардад. Й.-ро чун воситаи контрастӣ ҳангоми тадқиқи рентгенологии хирной …

Муфассал »