Главная / Илм / ЙОДОДЕРМА

ЙОДОДЕРМА

yododermaЙОДОДЕРМА (аз йод ва дерма), як тарзи осеб ёфтани пӯст, ки бинобар дуру дароз истифода бурдани доруҳои йод, хусусан йодиди калий ба вуҷуд меояд. Ҳангоми идиосинкразия нисбати доруҳои мазкур Й. метавонад ҳатто баъди як маротиба истифода бурдани йод инкишоф ёбад. Аломати Й. дар пӯст пайдо шудани ташкилаҳои омосшакли дарднок аст. Қутри онҳо 3 – 5 см буда, ранги кабуди сурхча доранд. Маркази ташкилаҳо захм пайдо карда, карахш мебандад, дар канорҳо пустулаҳои нав пайдо мешаванд. Й. одатан дар рӯй, гардан, дасту по падид меояд. Он ҳамчунин имкон дорад дар шакли саглес, рихинак, ҳасбаи буллёзӣ, гулгуна ва ғ. рух намояд.
Барои муолиҷаи Й. қабл аз ҳама ба истифодаи доруҳои йод хотима бахшидан лозим аст; истеъмоли ғизоҳои ширӣ ва сабзавотӣ нафъи зиёд дорад. Аз доруҳои пешоброн ва исҳоловар низ истифода мебаранд, ба пӯст рангҳои анилинӣ, марҳамҳои дорои антибиотик (мас., оксикорт) мемоланд. Фарҷоми беморӣ нек аст.
Бо мақсади пешгирии Й. доруҳои йодро бо фосилаҳо таъин кардан лозим аст. Ҳангоми дар пӯст пайдо шудани ҳасба (дамидани доначаҳо) бояд ба истифодаи онҳо хотима бахшид.

А. А. Ҳусайнов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …