Хабарҳои охирин

ИРҒАЙ

irgay

ИРҒАЙ (Cotonaster), ҷинси бутта ё дарахтест маъмул. Дар шароити Тоҷикистон аз 20 см то 3 м қад мекашад. Барги кӯтоҳдумчаи байзашакл, гули майдаи сафед ё гулобӣ, меваи сурхи арғувонӣ ё сиёҳ, баъзан норинҷӣ ё зард дорад. Дар Тоҷикистон 15 намуди худрӯи И. (C. zeravschanicus, C. hissaricus, C. suavis, C. insignis, …

Муфассал »

ИРИДОСИКЛИТ

iridosiklit

ИРИДОСИКЛИТ (Iridocyclitis), газаки қисми пеши луобпардаи чашм – инабия ва ҷисми мижгонӣ. Ба инкишофи И. бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунанд. И. бештар ҳангоми грипп, табхол, тарбод, сил мушоҳида мешавад. Дар баъзе мавридҳо пайдоиши он ба манбаъҳои сирояти музмин (амрози дандон, ҷавфҳои иловагии бинӣ ва бодомакҳо) вобаста аст. Баъзе бемориҳо мас., ниқрис, …

Муфассал »

ИРСИЯТ

irsiat

ИРСИЯТ (Hereditas), қобилияти нигоҳ доштан ва ба насл гузаронидани аломатҳо, сохту фаъолият ва хусусиятҳои инкишофи фардӣ, ки ба ҳамаи организмҳо хос аст. Аз қадимулайём диққати одамонро сирри ирсият ба худ ҷалб менамуд, дар бораи табиати он тахминҳои гуногуну гоҳо афсонавӣ изҳор мешуданд. Вале фақат с.1944 муқаррар гардид, ки омили модии …

Муфассал »

ИСҚОТ

iskot

ИСҚОТ (Abortio), аборт, дар давоми 29 ҳафтаи аввали ҳомилагӣ аз бачадон афтидани ҷанини ғайри қобили ҳаёт. И. табиӣ ва сунъӣ мешавад. И.-и табиӣ дар натиҷаи ягон беморӣ ба вуҷуд меояд. И.-и сунъӣ бо хоҳиши зан (агар бо ягон сабаб кӯдакдор шудан нахоҳад) ё бо тавсияи духтур, ҳангоме, ки ҳамл ва …

Муфассал »

ИСЛОМОВ Икром

nophoto

ИСЛОМОВ Икром (1921 ш. Хуҷанд – 1984, ҳамон ҷо), патофизиолог, доктори илми тиб (1974). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 45). Дар муҳорибаҳо барои озод кардани ш. Киев (сент. 1941) ба асорат афтода, дар конслагери Дарнитск маҳбус гашт. Баъдтар аз лагер фирор карда, дар отряди Бишевск партизан шуд. Аз нояб. …

Муфассал »