Главная / Илм / ЙОДОЛИПОЛ

ЙОДОЛИПОЛ

yodolipolЙОДОЛИПОЛ (лот. iodolipolum), равғани йоднокшуда. Рангаш зард ё зарди бӯртоб, аз 29 – 31% йод иборат аст. Дар об ҳал нашуда, дар спирт каму беш ҳал мешавад. Таъми Й. равғани кастонаро мемонад. Ба эфир ва хлороформ дар ҳар гуна таносуб омехта мегардад.
Й.-ро чун воситаи контрастӣ ҳангоми тадқиқи рентгенологии хирной ва бронхҳо, бачадон, найчаҳои он истифода мебаранд. Дар шакли ампулаҳои 5, 10 ва 20 мл истеҳсол карда мешавад. Дар ҷои торик ва салқин нигоҳ медоранд. Ҳангоми нигоҳ доштан, дар зери ампула андаке таҳнишаст ба вуҷуд меояд. Баъди афшондан маҳлул бояд дар рӯшноӣ ба назар шаффоф намояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …