ЙОД

yodЙОД (Iodum), I, элементи химиявии гурӯҳи VII системаи даврии Менделеев, рақами ат. 53, массаи ат. 126, 904, мансуби галогенҳо. С. 1811 химики франсавӣ Б. Куртуа кашф кардааст. Дар табиат дар намуди пайвастҳои собити 127I вомехӯрад. 131I ва 133I – изотопҳои муҳими радиоактиви сунъии Й. мебошанд. Миқдори Й. дар қишри Замин 4 • 10–5% аст. Дар ҳарорати муқаррарӣ Й. кристалли сиёҳтоби ҷилояш металлӣ аст; t гуд. 113,5°С, t ҷӯш. 184,35°С, зичиаш 4930 кг/м3. Ҳангоми гарм кардан бухор шуда, буғи заҳрноки бунафш ҳосил мекунад. Номи Й. ҳам аз ҳамин ҷо гирифта шудааст (юн. iodes – ранги бунафш). Молекулаҳои Й. дуатома мебошанд. Й. оксидкунандаи зӯр аст. Дар об бад, дар ҳалкунандаҳои органикӣ (атсетон, хлороформ, эфир, спирт ва маҳлули обии йодиди калий) нағз ҳал мешавад. Й. аз ҷиҳати фаъолӣ баъд аз бром ва хлор меистад. Бо оксиген, сулфур, нитроген бевосита ба реаксия дохил намешавад, бо гидроген ва аксари металлҳо танҳо ҳангоми гарм кардан ба реаксия медарояд.
Дар организми ҳайвонот ва одам Й. чун микроэлементи зарурӣ ба мубодилаи модда, хусусан ба функсияи ғадуди сипаршакл, раванди диссимилятсия ва ғ. таъсири калон дорад. Талаботи шаборӯзии одам ва ҳайвонот ба И. 3 мг/кг (дар ҳолати ҳомилагӣ ва хунук хӯрдан зиёдтар) аст. Бо сабаби норасоии Й. дар хӯрок ва об ба 1 т намаки ошӣ 10 – 25 г KI илова мекунанд. Аз организм Й. бо ғадудҳои арақ, шир, луоб, гурда (то 70 – 80%) ва каму беш бо заҳра хориҷ мешавад.
Ба доруҳои Й., ки дар тиб истифода мешаванд, маҳлули Люгол, пайвастҳои ғайриорганикии йод (йодидҳо, йодиди калий ва натрий), пайвастҳои органикие, ки йодро таҷзия мекунанд (йодоформ, йодинол), пайвастҳои органикие, ки дар молекулаи онҳо Й. устувор ҷой гирифтааст ва ғ. мансубанд.
Доруҳои Й.-и муқаррарӣ таъсири зиддимикробӣ доранд. Бинобар ин онҳоро чун доруҳои зидди уфунат (антисептикӣ) кор мефармоянд. Бо ин мақсад пайвастҳои органикии он, ки Й.-и муқаррариро таҷзия мекунанд, истифода мешаванд. Дар вақти ба пӯст ва луобпардаҳо молидан доруҳои Й. таъсири ангезишовар мерасонанд. Ҳангоми истеъмоли доруҳои Й. онҳо аз роҳи меъдаю рӯда ба хун гузашта, миқдори холестеринро дар таркиби хун кам мекунад. Й. ба фаъолияти ғадуди сипаршакл таъсири дуҷониба мерасонад. Ҳангоми гипотериаз он дар раванди ҳосилшавии тироксин иштирок мекунад; дар мавриди зиёд будани фаъолияти ғадуди сипаршакл бошад, вояи ками он метавонад ҳосилшавии тироксинро ба таъхир андозад (вояи ками Й. – микройод ҳосилшавии гормони тиреотропиро дар ҳиссаи пеши гипофиз бозмедорад). Аз ин рӯ, доруҳои Й.-и муқаррарӣ ва пайвастҳои ғайриорганикии он (йодиди натрий, йодиди калий)-ро бо вояи зиёд барои пешгирию табобати ҷоғари вогир, бо вояи кам – ҳангоми гипертериоз истифода мебаранд.
Ионҳои Й. ба фаъолияти ғадудҳои ихроҷ тақвият мебахшанд. Хусусан онҳо кори ғадудҳои бронхҳоро тезонда, бо ҳамин ғилзати балғамро коҳиш медиҳанд. Пайвастҳои ғайриорганикии Й. (йодиди натрий ва йодиди калий) чун доруҳои балғамрон кор фармуда мешаванд. Пайвастҳои органикии Й. (мас., билигност, триомбраст, йодамид ва ғ.)-ро ба сифати васоити контрасти рентгенӣ истифода мекунанд.
Ҳангоми дуру дароз истеъмол кардани доруҳои Й. ва зиёд будани ҳассосият нисбати онҳо мумкин аст ҳолати йодизм ба вуҷуд ояд (зуком, рафтани оби даҳон, шоридани ашк, дамидани рихинакҳо, варами (свинке ва ғ.).
Т. Идрисов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …