Хабарҳои охирин

ЙОДОНАТ

yodonat

ЙОДОНАТ (Iodine + Potassium iodinе), як навъ доруи зидди уфунат (антисептикӣ). Моддаи асосии таъсирбахши он йод аст. Дар шакли маҳлулҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Ҳангоми ба пӯст молидан, йод ба мубодилаи моддаҳо таъсир расонда, раванди ассимилятсияро метезонад. Этанол ихроҷи йодро суст ва таъсири ангезишовари онро ба бофтаҳо кам мекунад. Й. …

Муфассал »

ЙОДОФОРМ

yodoform

ЙОДОФОРМ (Iodoformium), як навъ дору. Дар шакли хока (10 г) ва хамира (йодоформ – 40 ҳисса, оксиди руҳ – 40 ҳисса, глитсерин – 20 ҳисса) истеҳсол карда мешавад. Ҳамчун доруи зиддимикробӣ ва антисептикӣ барои табобати захму яраҳои сироятёфта истифода мебаранд. Дар шишаҳои даҳонашон маҳкам дар ҷои салқин ва торик нигоҳ …

Муфассал »

ЗАБОН

zabon

ЗАБОН (Lingua), узви мушакиест дар ҷавфи даҳон. З. дар омехта сохтану фурӯ додани ғизо, артикулятсияи садоҳо ва нутқ ширкат меварзад. З. нӯг, бех ва тана дошта, аз мушакҳои худӣ (дарозрӯя, кӯндаланг ва уфуқӣ) ва скелетӣ (мушакҳои манаҳу забонӣ, зерзабону забонӣ ва дарафшу забонӣ) таркиб ёфтааст. Мушакҳои худи З. ғафсии забонро …

Муфассал »

ЗАБОНСӯЗОНАК

zabonsuzonak

ЗАБОНСӯЗОНАК (Polugonum hydropiper), забонгазак, сагкуш, занҷабили обӣ, гиёҳест яксолаи ниҳоят тунд. Аз 10 то 70 см қад мекашад. Пояи рости сершохча (одатан сурхтоб), барги нештаршакл (дарозиаш 2,5 – 10 см, бараш 0,4 – 1,7 см), гули майдаи сабзтоб ё гулобӣ, хӯшагули саракмонанд (дарозиаш 4 – 12 см), чормағзаки сеқирраи сиёҳ, …

Муфассал »

ЗАБУДА

zabuda

ЗАБУДА, адвиёҷот, дорувор, хушбӯиҳо, маҳсулоти наботие, ки тунду хуштаъм ва хушбӯй буда, онҳороба миқдори кам ба хӯрок ҳамроҳ мекунанд. Маъмултарин З.-ҳо хардал, мурч, қаламфур, зарчӯба, барги дарахти ғор, дорчин, қаранфул, зира, бодиён, ҷавзбӯё ва ғ. мебошанд. Сир, пиёз, росан, инчунин ҷаъфарӣ, шибит, кашниҷ, пудина, наъно, райҳон ва ғ. аз қабили …

Муфассал »