Хабарҳои охирин

ИҒМО

igmo

ИҒМО (юн. Coma – хоби чуқур), кома, мадҳушии вазнин, ки дар натиҷаи зарб хӯрдани сар, заҳролудии ҳуҷайраҳои силсилаи асаби марказӣ ва ё амрози системаи асаб ба вуҷуд меояд. Ихтилоли нафаскашӣ ва гардиши хун метавонанд боиси марги бемор шаванд. Сабабҳои пайдоиши И. гуногун аст. Он бештар ҳангоми ихтилоли шадиди гардиши хун …

Муфассал »

ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ТИББИ ТОҶИКИСТОН

idi-kormandoni-tibbi

ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ТИББИ ТОҶИКИСТОН, ҳар сол 18 август қайд карда мешавад. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶТ аз 4 апр. 1994 таҳти №229 тасдиқ карда шудааст. 18 авг. зодрӯзи олими бузурги тоҷик, файласуф ва ҳаким Абӯалӣ ибни Сино мебошад. И. дар тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, конфронсу семинарҳо, …

Муфассал »

ИДИОСИНКРАЗИЯ

idiosinkrazia

ИДИОСИНКРАЗИЯ (Idiosyncrasia; аз юн. idios – худӣ ва synkrasis – омехта, махлут), мизоҷвайронӣ, ҳассосияти ирсии организм ба баъзе хӯрокворию доруҳо. Нишонаҳои аллергияро дорад. И. бо паст шудани фишори хун, осеби девораи рагҳо, таровидани хун дар зери пӯсту луобпарда, маҳв гаштани эритроситу лейкоситҳо, ихтилоли кори меъдаю рӯда ва диг. узвҳо ҷараён …

Муфассал »

ИЕРСИНИОЗ

iersinoz

ИЕРСИНИОЗ, бемории сироятиест, ки дар мавриди он роҳи меъдаю рӯдаҳо осеб меёбад. Ҳангоми И. бисёр вақт диг. узву бофтаҳо низ зарар мебинанд. Ангезандаи И. қаламчамикроби граммусбати Versinia enterocolitica мебошад; спора надорад, дар ҳарор. паст (6 – 10°С) афзоиш ёфта, ҳангоми ҷӯшондан ва зери таъсири моддаҳои гандзудо зуд маҳв мешавад. Манбаи …

Муфассал »

ИЗОЛЯТОР

izolator

ИЗОЛЯТОР (Isolator), инфиродгоҳ, палатаи алоҳидаест барои ҷойгир намудани ашхоси бемор, касалиашон сироятнок ё ба онҳо монанд (беморони дарунрав, табдор ва ғ.). Беморхонаҳо, поликлиникаҳо, санаторияҳо, яслию боғчаҳои бачагона, интернатҳо, хобгоҳҳо, пункти тиббии вокзалҳо, бандаргоҳҳо ва ғ. И. доранд. Ҳангоми тоун, вабо ва диг. бемориҳои ниҳоят хавфнок дар И. беморон то пурра …

Муфассал »