Хабарҳои охирин

«ИҶОЛАИ НОФИА»

ijolai-nofia

«ИҶОЛАИ НОФИА» («Ёрии таъҷилӣ»), рисолаест дар боби тиб, ки муаллифаш Ҳаким Муҳаммадшарифхони Деҳлавӣ ибни Ҳаким Муҳаммадакмалхон ибни Муҳаммадвосилхон буда, ба забони форсӣ навишта шудааст. Соли таълиф номаълум. «И. н.» ба 24 боб қисмат шуда, доир ба тартиб додани давоҳои мураккаб баҳс мекунад: 1) итрифал, иёраҷ, анқардиё, ағбар, иксирин, инкибоб, анӯшдору …

Муфассал »

ИШЕМИЯ

ishemia

ИШЕМИЯ (Ischaemia; юн. ischo – нигоҳ доштан ва haima – хун), камхунии ҷузъӣ, бо хун кам таъмин гаштани узву бофта бинобар қатъ ё кам шудани ҳаракати хуни артериявӣ дар қитъаи муайяни организм. И. се хел – ангиоспазмӣ, сидодӣ (баста будан) ва фишорӣ мешавад. И.-и ангиоспазмӣ зери таъсири ангезандаҳои гуногун, ки …

Муфассал »

ИШЕМИЯИ ДИЛ

ishemiai-dil

ИШЕМИЯИ ДИЛ, бемории дилу рагҳо, ки дар натиҷаи норасоии хуни мушаки дил – миокард (оқибати атеросклерози шараёнҳои иклилии дил аст) ба вуҷуд меояд. Мафҳуми «ишемияи дил» амрози шадиди дил (монанди стенокардия, сактаи дил) ва иллатҳои музмини он (кардиосклерози диффузӣ ва ҷузъӣ)-ро дарбар мегирад. Азбаски инкишофи беморӣ ба атеросклерози рагҳо вобаста …

Муфассал »

ИШҚОРГИЁҲ

ishkorgiyoh

ИШҚОРГИЁҲ (Anabasis aphylla), растаниест нимбутта. Аз 20 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершох, шохчаҳояш буғумдор, зудшикан. Баргаш сегӯша, гулаш майдаи сафед ё гулобӣ. Мевааш сероби мудаввар. Май – июн гул карда, авг. – сент. мева мебандад. Дар нишебии талу теппаҳо, шӯрзамин, шибоғзорҳо, баъзан чун алафи бегона дар гандумзор мерӯяд. …

Муфассал »

ИШЛОН

ishlon

ИШЛОН (Anabasis turkestanica), ушнон, як навъ растании заҳрнок. Аз тиррешаи он 1 – 15 пояи ғафс нумӯ карда, то 70 см қад мекашанд. И. пулакчабарги секунҷаи байзашакл (дарозиаш 5 – 10 мм), меваи нарми бӯри зардча дорад. Май – июн гул мекунад. Одатан дар шӯрзамину хоки серсанг, сурхрег ва ғ. …

Муфассал »