Главная / Илм / ЙОДАМИД

ЙОДАМИД

yodamidЙОДАМИД (Iodamidum), як навъ моддаи контрастӣ (аксдиҳанда). Бо мақсади ангиография (тадқиқи рентеноконтрастии ҷавфи дил, аорта), артериографияи канорӣ, ангиографияи майна, урографияи таъҷилӣ ва ғ. кор мефармоянд. Ҳангоми истифодаи Й. мумкин аст бемор тасф кунад, сар чарх зада дил беҳузур шавад, саглес, варами Квинке, аксуламалҳои аллергӣ ба вуҷуд оянд. Й.-ро дар мавриди гипертиреоз (бемории ғадуди сипаршакл), сил, бемории миокард, ғалаёни хун, иғмо, ҳассосияти баланд ба йод кор фармудан ҷоиз нест. Й. дар шакли ампула (20 мл-ӣ) истеҳсол карда мешавад. Онро дар ҷои салқин ва торик нигоҳ медоранд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …