Хабарҳои охирин

ИНИВ

iniv

ИНИВ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 88 км дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2770 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз ду ҷой мебарояд. Дебиташ 0,7 – 0,9 л/сон. Мавзеи чашма шибарзамин аст. Ҳарор. обаш +18 – +190С, минералнокиаш – 4,5 г/л. Оби чашма …

Муфассал »

ИНСИДЕНТАЛОМА

insidentaloma

ИНСИДЕНТАЛОМА (анг. incident – ногаҳон), омоси ғадуди болои гурда, ки аломатҳои болинии он падид намеоянд. Бисёр вақт ногаҳон дар вақти муоинаи бемориҳои дигар ошкор карда мешавад. И. зуҳуроти махсус надорад, вале бо вуҷуди ин дар беморон гипертензияи шараёнӣ ба мушоҳида мерасад, ки далел ба муоинаи аниқу дақиқ аст. И.-и қутраш …

Муфассал »

ИНСУЛИН

insulin

ИНСУЛИН (лот. insula – ҷазира, ҷазирача), гормоне, ки бета-ҳуҷайраҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда ҳосил мекунанд. И. омили асосии назорати мубодила ва дар организм ғун шудани сафедаҳо, равған ва ангиштобҳо мебошад. Вобаста ба сохтори химиявӣ И. полипептиди мураккаб буда, таркиби он дар ҳайвоноти гуногун фарқ мекунад. И. ба тавассути ретсепторҳои махсус, …

Муфассал »

ИНСУЛОМА

insuloma

ИНСУЛОМА (аз лот. insula – ҷазира ва oma – омос), омоси ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда. Омосҳои ҷазирачаҳо ду навъ мешаванд; аденомаҳо ва аденокарсиномаҳо. Тақр. 60% омосҳои эндокринии ғадуди зери меъдаро унсурҳое ташкил медиҳанд, ки онҳо инсулин ҳосил мекунанд. Тахмин меравад, ки пайдоиши омосҳои эндокринӣ ду манбаъ дорад: ҷазирачавӣ ва маҷроӣ. …

Муфассал »

ИНТЕРМЕДИН

intermerin

ИНТЕРМЕДИН (Intermedinum), доруи гормонии ҳиссаи миёнаи гипофиз. Аз гипофизи моли калон ва хук мегиранд. И. ба фаъолияти шабакияи чашм тақвият бахшида, барои дар торикӣ дидан мусоидат менамояд, нури чашмро зиёд мекунад. И.-ро барои муолиҷаи тағйироти дистрофии шабакия (шабкурӣ, ретинити пигментӣ, хориоретинити миопатиявӣ) кор мефармоянд. Дар шакли маҳлули 5% ба ҳар …

Муфассал »