Хабарҳои охирин

ИНГАЛЯТСИЯ

ingalatsiya

ИНГАЛЯТСИЯ (Inhalatio; аз лот. inhalare – нафас кашидан), усули бо нафасгирӣ ба организм ворид кардани бухори доруҳо. Шаклҳои зерини И. ҳастанд: 1) буғи об ё бухори моддаҳои бӯёро нафас гирифтан; 2) нафас кашидани заррачаҳои хурди моддаҳои доруӣ – аэрозолҳо, ки дар об ҳал шудаанд ё дар ҳолати муаллақ қарор доранд …

Муфассал »

ИНГИБИТОРҲО

ingibitorho

ИНГИБИТОРҲО (лот. inhibere – манъ кардан, нигоҳ доштан), моддаҳои табиаташон химиявӣ, ки аксуламалҳои химиявӣ, аз ҷумла биохимиявиро суст ё пурра қатъ мекунанд. И. дар тиб ба сифати дору фаровон истифода мегарданд. Онҳо дар соҳаи тадқиқоти биохимиявӣ низ ба кор мераванд. Бисёр И. моддаҳои заҳрнок маҳсуб мешаванд. И. фақат ба як …

Муфассал »

ИНДОВ

indow

ИНДОВ (Eruca sativa), растаниест равғандор. Пояаш то 1 м қад мекашад. Барги паршакл, гулҳои нисбатан калони зард, ғилофакмеваи чорқирраи нӯгтез дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон И.-ро аз қадим дар водиҳо ва нишебии кӯҳҳо кишт мекарданд. И.-и худрӯй дар киштзори лалмӣ, обӣ, заминҳои партов, нишебии кӯҳҳо, соҳилҳои дарё, канал, канори роҳ (дар …

Муфассал »

ИНДОМЕТАСИН

indometacin

ИНДОМЕТАСИН (Indometasinum), индосид, метиндол, як навъ дору, ҳосилаи кислотаи индолатсетат. И. ингибитори пурқуввати биосинтези простагландинҳо мебошад. Фаъолияти хуби дардбарӣ ва рафъи илтиҳоб дорад. И.-ро барои муолиҷаи артрити тарбодмонанд, периартритҳо, спондилит, остеоартрез, ниқрис, бемориҳои илтиҳобии бофтаҳои пайвандии силсилаи устухону мушакҳо, тромбофлебит ва диг. бемориҳо, ки бо ихтиҳоб хуруҷ меёбанд, истифода мебаранд. …

Муфассал »

ИНДУКТОТЕРМИЯ

indukotermia

ИНДУКТОТЕРМИЯ (лот. inductio – тазриқ, ҷорӣ кардан ва юн. therme – гармӣ), усули табобат бо неруи барқ. Дар мавриди И. ба организми мариз тавассути майдони магнитии баландбасомад ва ултрабаландбасомад таъсир расонда мешавад. Дар мавзеи табобат ҳарор. бофтаҳо баланд, ташаннуҷи мушаку мӯрагҳо кам, артериолаҳо ва рагҳои нисбатан калон васеъ мегарданд. Ҳангоми …

Муфассал »