Главная / Илм / ИНИВ

ИНИВ

inivИНИВ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 88 км дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2770 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз ду ҷой мебарояд. Дебиташ 0,7 – 0,9 л/сон. Мавзеи чашма шибарзамин аст. Ҳарор. обаш +18 – +190С, минералнокиаш – 4,5 г/л. Оби чашма газнок буда, ба назар «ҷӯшида» меистад. Дар таркиби он ангидриди карбон (1310 мг/л), кислотаҳои силикат (65 – 68 мг/л), метаборат (184 мг/л), натрий (457 мг/л), калсий (259 мг/л), калий (77,0 мг/л), магний (69 мг/л), гидрокарбонатҳо (1421 мг/л), хлоридҳо (500 мг/л), сулфатҳо (142 мг/л), инчунин оҳан, никел, фтор, бром, молибден, сурб, литий ва руҳ мавҷуданд. Оби чашмаро барои ошомидан ва ба шакли обзан (ванна) баҳри муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, пиелонефрити музмин, бемориҳои санги пешобдон, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғадудҳои эндокренӣ истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои минералии Зваре, Муаши (Гурҷистон), Ессентуки ва Сойминск (Закарпатия) шабоҳат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …