Хабарҳои охирин

КОЛИТ

kolit

КОЛИТ (Colitis; юн. kolon – рӯдаи ғафс), газаки рӯдаи ғафс. К. шадид ё музмин мегузарад. К.-и шадид бинобар сироят ё заҳролудии рӯда ба вуҷуд меояд (ниг. Исҳоли хунин, Заҳролудӣ). К.-и шадид аксар аломати бемории сироятӣ буда, дар натиҷаи заҳролудӣ аз ғизои бадсифат, ҳангоми мавҷуд будани киҷҷаи рӯда ва ғ. низ …

Муфассал »

КОЛЛАГЕНОЗҲО

kolagenozho

КОЛЛАГЕНОЗҲО (Collagenoses), бемориҳое, ки бо иллати бофтаҳои пайвандӣ (нахҳои коллагенӣ) ва рагҳо ба мушоҳида мерасанд. Тарбод, артрити тарбодӣ (ниг. Артрит), бодхӯрда, скелродермия, дерматомиозит, периартериити гиреҳчадор ба К. мансубанд. Сабабҳои пайдоиш ва инкишофи К. пурра маълум нашудааст. Вале аксари мутахассисон чунин мепиндоранд, ки пайдоиши К. натиҷаи ба бофтаҳои организми хеш ҳуҷум …

Муфассал »

КОЛЛАПС

kolaps

КОЛЛАПС (Collapsus; ба маънои афтида аст), ҳумуд, ҳубут, ҳолати вазнин ва барои ҳаёт хавфнокест, ки ҳангоми он фишори рагҳои хун якбора паст шуда, фаъолияти системаи асабҳои марказӣ суст ва мубодилаи моддаҳо халал меёбад. Тасаккун (боздорӣ)- и маркази таҳрикдеҳи хунрагҳое, ки дар мағзи сар ҷойгир аст, боиси бо хун пурра таъмин …

Муфассал »

КОЛОБОМА

kolobama

КОЛОБОМА (Coloboma; юн. koloboma – қисми намерасида), нуқси модарзодӣ, баъзан ғайримодарзодии ин ё он сохтори чашм (канори пилк, гавҳарак, рагпарда, шабакия, қурси асаби босира, булӯрак). К.-и модарзодӣ бисёр вақт дар инабия ба мушоҳида мерасад. Вай одатан дар зери гавҳарак ҷой мегирад (баъзан ҳар ду чашм осеб меёбад). К.-и инабия метавонад …

Муфассал »

КОЛОНОСКОПИЯ

kolonoskopia

КОЛОНОСКОПИЯ, яке аз усулҳои ташхис, ки ҳангоми он духтур ба тавассути зонди махсус ҳолати дохилии рӯдаи ғафсро муоина мекунад.

Муфассал »