Хабарҳои охирин

ИНТИХОБИ КАСБ

vybor-professii

ИНТИХОБИ КАСБ, вобаста ба лаёқату қобилияти шахс ва иҷрои навъҳои муайяни кор муқаррар намудани касб. Ҳангоми қабул ба кори шароиташ номусоид ё бад будани саломатии шахс ба назар гирифтани касб ҳатмист. Мас., суст будани қувваи шоммаи одаме, ки касбаш эҳсоси бӯйҳоро тақозо дорад (дар саноати атторӣ, хӯрокворӣ ва ғ.), мувофиқи …

Муфассал »

ИНТОКСИКАТСИЯ

intoksikatsiya

ИНТОКСИКАТСИЯ (Intoxicatio; аз лот. in – ба дарун ва юн. toxikon – заҳр), иллат ёфтани организм аз заҳрҳои беруна ё заҳрҳое, ки дар худи организм ҳосил шудаанд. И. – е, ки ҳангоми аз муҳити зист дохил шудани моддаҳои заҳрнок ба вуҷуд меояд, И. – и экзогенӣ ё заҳролудӣ ном дорад. …

Муфассал »

ИНТУБАТСИЯ

intubatsiya

ИНТУБАТСИЯи хирной ва бронхҳо (аз лот. in – ба дарун ва tuba – ғулба, қубур), бо мақсади кушодани роҳи нафас ба хирной ва (ё) бронхҳо ворид сохтани найи интубатсиявӣ. И.-ро дар мавриди карахтсозии умумӣ (наркоз) ҳангоми ҷарроҳиҳои гуногун, хусусан дар сурати мавҷуд будани хавфи ба роҳи нафас афтодани хун ё …

Муфассал »

ИНФАНТИЛИЗМ

infantilizm

ИНФАНТИЛИЗМ (Infantilismus; лот. infantilis – кӯдакона, аз infans – гапнозан), як навъ синдромест, ки дар таъхири инкишофи ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва рӯҳии хоси синни кӯдакӣ ё наврасӣ падид меояд. И. аз давраҳои зерин иборат аст: ҷанинӣ – дар кӯдакони чала (афгона) ба мушоҳида расидани нишонаҳои ҷанин; инфантилизм ба маънои асосӣ (кӯдакона) …

Муфассал »

ИНФИЛТРАТ

infiltrat

ИНФИЛТРАТ (infiltratus; лот. in – ба дарун ва filtrare – полоиш), сахтие, ки дар бофтаҳо (насҷи зери пӯст, мушакҳо) ё узв (шуш, ҷигар) бинобар ғун шудани унсурҳои ҳуҷайра, хун ва лимфа ба вуҷуд меояд. И. маъмулан дар аснои илтиҳоб ва баъзе бемориҳои сироятии музмин (сил, сифилис, актиномикоз) ба мушоҳида мерасад. …

Муфассал »