Главная / Илм (страница 79)

Илм

КӯДАКИ ЧАЛА

kudaki-chala

КӯДАКИ ЧАЛА, кӯдаки навзодест, ки пеш аз мӯҳлати муқаррарӣ байни ҳафтаҳои 28 ва 38-уми давраи инкишофи дохилибатнӣ таваллуд меёбад. Қади ӯ то 45 см ва вазнаш то 2500 г мешавад. Ниг. низ Афгона.

Муфассал »

КӯДАКИ ШИРМАК

kudaki-shirmak

КӯДАКИ ШИРМАК, кӯдаки синни то яксоларо гӯянд. Як соли ширхорагиро шартан ба чунин давраҳо ҷудо мекунанд: навзодӣ (то 4 ҳафтаи баъди тавлид) ва давраи ширхорагӣ ё синни хурди яслӣ (аз якмоҳагӣ то 1-солагӣ). Дар давраи ширхорагӣ рушди пуравҷи организми кӯдак ба амал меояд, ки ба он инкишофи минбаъдаи фикрӣ ва …

Муфассал »

КӯРӣ

kuri

КӯРӣ [Ca(e)citas], нобиноӣ, гум кардани қувваи босира. Солҳои пеш дар Тоҷикистон дар байни аҳолӣ сабаби асосии К. бемории нағзак (32,58% – и ҳамаи нобиноён), бленнореяи навзодҳо (илтиҳоби римноки луобпардаи чашм, ки гонококкҳо ба вуҷуд меоранд), бемории пардаи қарнияи чашм (24,3%), глаукома (14%), трахома (8,7%) ва ғ. буданд. К. ду хел …

Муфассал »

КӯРРӯДА

КӯРРӯДА (Caecus), як қисми рӯдаи ғафс, ки аз даромадгоҳи рӯдаи борик поёнтар ҷой гирифтааст. К. шакли халтаро дошта, дарозиаш тақр. 4 – 8 см аст. К. дар тиҳигоҳи рост қарор дорад. Аз он кирмрӯда (аппендикс) ибтидо меёбад. Вай найчаи борик буда, дарозиаш 2,5 – 15 см, қутраш 3 – 4 …

Муфассал »

КӯҲНАВАРДӣ

kuhnavardi

КӯҲНАВАРДӣ, алпинизм, бо мақсадҳои варзишӣ ва тадқиқот баромадан ба қуллаҳои кӯҳ. К. дар одам хислатҳои мардонагӣ, чолокӣ ва ғ.-ро тарбия мекунад, нерую тавон мебахшад, ҳамоҳангии ҳаракат ва пуртоқатиро инкишоф медиҳад. Дуруст ташкил кардани К. ва нафас гирифтан аз ҳавои кӯҳистон ба саломатӣ таъсири мусбат расонда, як навъ истироҳати фаъол маҳсуб …

Муфассал »

КӯЧИДАНИ ШАБАКИЯ

kuchidani-shabakia

КӯЧИДАНИ ШАБАКИЯ [Ablatio (separatio) placentae], аз рагпарда ҷудо шудани тӯрпардаи чашм. Бештар ҳангоми дараҷаи баланди наздикбинӣ, осеби чашм ва баъзан дар одамони солхӯрда мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи меҳнати ҷисмонии вазнин, ҳаракати ногаҳонӣ, афтидан ва лат хӯрдани сар тӯрпардаи чашм медарад ё аз қисми пеши ҷои пайванд канда мешавад. Моеъи дохили …

Муфассал »

ИБНИ АБИССОДИҚ

nophoto

ИБНИ АБИССОДИҚ (с. тав. номаълум – ваф. дар ҳудуди 1077), Абулқосим Абдурраҳмон ибни Алӣ ибни Абиссодиқи Нишопурӣ, мулаққаб ба Буқроти Сонӣ табиб, устоди Исмоили Ҷурҷонӣ. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯ дар тиб мебошанд: «Шарҳи «Фусули Буқрот», «Шарҳи «Тақдимату-л-маърифа»-и Буқрот», «Шарҳи «Масоили Ҳунайн ибни Исҳоқ дар тиб», «Шарҳи «Манофеъу-л-аъзо»-и Ҷолинус» ва …

Муфассал »

ИБНИ БАЙТОР

ibni-baytor

ИБНИ БАЙТОР (1197, Малақаи Андалус – 1248, Димишқ), Зиёуддин ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ал-Малақӣ маъруф ба Ибни Байтор, яке аз беҳтарин гиёҳшиносони араб дар асрҳои миёна. Дар ш. Ишбилия дар назди Абулаббоси Ишбилӣ илми гиёҳшиносиро омӯхтааст. Дар бистсолагӣ барои таҳқиқу омӯзиши доруҳои муфрада ва ҷустуҷӯи гиёҳҳои доругӣ ба Юнон ва …

Муфассал »

ИБНИ БАККУС

nophoto

ИБНИ БАККУС (с. тав. номаълум – ваф. баъд аз 971), Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Баккус, табиб ва мутарҷими муосири Ҳунайн ибни Исҳоқ. И. Б. аз касоне буд, ки Ҳунайн тарҷимаҳои ӯро ислоҳ ва таҳрир мекард. Бино ба маълумоти Ибни Усайбиъа И. Б. дар илми тиб моҳир ва аз машоихи атиббои Бағдод …

Муфассал »

ИБНИ БУТЛОН

nophoto

ИБНИ БУТЛОН (с. тав. номаълум – ваф. 1069, Антокия), Абулҳасан ал-Мухтор ибни ал-Ҳусайн ибни Абдун ибни Саъдуни Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Бутлон, табиб ва файласуфи масеҳӣ. Аз мардуми Бағдод буда, дар кишварҳои гуногун саёҳату зиндагӣ кардааст. С. 1049 ба Миср, сипас ба минтақаи Сурия ва Туркия меояд. С. 1054 ӯро …

Муфассал »