Главная / Илм / ИБНИ БАККУС

ИБНИ БАККУС

nophotoИБНИ БАККУС (с. тав. номаълум – ваф. баъд аз 971), Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Баккус, табиб ва мутарҷими муосири Ҳунайн ибни Исҳоқ. И. Б. аз касоне буд, ки Ҳунайн тарҷимаҳои ӯро ислоҳ ва таҳрир мекард. Бино ба маълумоти Ибни Усайбиъа И. Б. дар илми тиб моҳир ва аз машоихи атиббои Бағдод будааст. ӯ ҳарҷанд, ки кӯр шуда буд, аз кори тиб даст боз намедошт ва дар Бемористони аздӣ дарс медод. И. Б. дар тиб чандин таълифот дорад, аз ҷумла, «Куннош» ва «Қарободин»-и мулҳақ ба он, «Мақола дар баёни он, ки оби қуроҳ сардтар аз оби ҷав аст», «Мақола дар баёни обила» ва ғ.
Ад.: Забеҳуллоҳ Сафо, «Таърихи улуми ақлӣ», ҷ. 1, Теҳрон, 1331 ҳ. ш.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …