Главная / Илм / ИБНИ БАЙТОР

ИБНИ БАЙТОР

ibni-baytorИБНИ БАЙТОР (1197, Малақаи Андалус – 1248, Димишқ), Зиёуддин ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ал-Малақӣ маъруф ба Ибни Байтор, яке аз беҳтарин гиёҳшиносони араб дар асрҳои миёна. Дар ш. Ишбилия дар назди Абулаббоси Ишбилӣ илми гиёҳшиносиро омӯхтааст. Дар бистсолагӣ барои таҳқиқу омӯзиши доруҳои муфрада ва ҷустуҷӯи гиёҳҳои доругӣ ба Юнон ва аз он ҷо ба шим. Африқо, аз ҷумла ба Мағриб, Алҷазоир, Тунис, Таробулус, Миср, Ҳиҷоз, Ғазза, Байтулмуқаддас, Бейрут, Лубнон, Антокия ва то Мавсил дар шарқи олами исломӣ сафарҳо кардааст. Дар Миср малик Комили Айюбӣ ӯро раиси дорушиносон таъйин намуд. Пас аз марги малик ба хизмати писару ӯ малик Одили Айюбӣ даромад. И. Б. ахиран дар Димишқ иқомат варзида дар он ҷо вафот кардааст. И. Б. доир ба растаниҳои доруӣ «Ал-Муғнӣ фӣ-л-адвияти-л-муфрада» («Китоби кифоякунанда дар бораи доруҳои сода»), «Ал-Ҷомеъ ли муфрадоти-л-адвия ва-л-ағзия» («Китоби ҷомеъ дар бораи доруҳои сода ва ғизоҳо») барин чанд асарҳо офаридааст. И. Б. аз асарҳои Дисқуридус, Ҷолинус, Ибни Сино ва диг. васеъ истифода бурдааст.
Ад.: Крачковский И. Ю., Избр. соч., т. 4, М. – Л., 1957; Муҳаммад Муъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 5, Теҳрон, 1379, ҳ. ш.; Риёз Рамазон, «Ад-Даво мин фаҷри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …