Главная / Илм / ИБНИ АБИССОДИҚ

ИБНИ АБИССОДИҚ

nophotoИБНИ АБИССОДИҚ (с. тав. номаълум – ваф. дар ҳудуди 1077), Абулқосим Абдурраҳмон ибни Алӣ ибни Абиссодиқи Нишопурӣ, мулаққаб ба Буқроти Сонӣ табиб, устоди Исмоили Ҷурҷонӣ. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯ дар тиб мебошанд: «Шарҳи «Фусули Буқрот», «Шарҳи «Тақдимату-л-маърифа»-и Буқрот», «Шарҳи «Масоили Ҳунайн ибни Исҳоқ дар тиб», «Шарҳи «Манофеъу-л-аъзо»-и Ҷолинус» ва ғ.
Ад.: Муҳаммад Мӯъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 5, Теҳрон, 1379 ҳ. ш.; Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 5, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …