Главная / Илм / «КИТОБУ-Л-ҲИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фӣ-Т-ТИБ»

«КИТОБУ-Л-ҲИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фӣ-Т-ТИБ»

kitobul-hidoyat«КИТОБУ-Л-ҲИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фӣ-Т-ТИБ» («Дастур барои омӯзандагони тиб»), асари Абӯбакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ. Куҳантарин китоби пизишкӣ ба забони тоҷикӣ буда, дар а. 10 таълиф шудааст. «К.» бо номҳои «Ҳидояти-л-мутааллимин фи-т-тиб» ва «Куннош» низ маълум аст. «К.»-ро Ахавайнӣ барои фарзанди худ таълиф намудааст. Дар ин хусус худи муаллиф мегӯяд: «Ту, ки фарзанди манӣ, андархостӣ аз ман китобе ба боби биҷишкӣ (пизишкӣ) сабук ва осон, то туро хома аз ман ёдгор бувад».
«К.» аз се бахш ва дусад боб иборат буда, онҳо мутаносибан 51 (дар аносиру амзаҷаву ахлот), 130 (дар бемориҳо ва муолиҷоти онҳо), 19 (дар ҳумлиёт ва анвои мухталифи тиб, бавл, ҳифзу-с-сиҳат, набз ва таарруфи асбобу-н-набз) бобро дарбар мегиранд. «К.» дар натиҷаи таҷрибаи амалии муаллиф дар тӯли беш аз сӣ сол эҷод гардидааст. Аз ин хусус худи Ахавайнӣ дар «К.» ёд карда овардааст, ки: «Ман бисёр илоҷ кардам бад-ин бемориҳо ва ҳарчи ин ҷо ёд мекунам, он аст, ки озмудаи ман аст ва аммо он-ч маро ба вай таҷрибат нест, ёд накунам».
Дар «К.» беш аз 1200 истилоҳи тиббӣ дучор меояд, ки аз лиҳози мансубияти забонӣ асосан эрониасл буда, баробари он боз истилоҳу муштақоти мансуб ба забонҳои юнонӣ (қарободин, сақмуниё, қифол), ҳиндӣ (балила, кокул, омула) ва ғ. ба назар мерасанд. Муаллиф дар баробари истифода аз истилоҳи маъмули даврӣ худ низ дар заминаи қоидаву қонуни забони тоҷикӣ як силсила вожаҳои нави сохтаву мураккаб, амсоли «сапӯснок», «миро», «ҷӯшо», «сангнок», «шӯхгин», «беморин» ва ғ.-ро эҷод кардааст ё аносири луғавии камистеъмолро ба таври вусъатнок мавриди истифода қарор додааст. «К.» вижагиҳои муайяни имлоӣ ва сарфию наҳвиро низ дорост. Китоб назди устодону мударрисони илми пизишкӣ аз таваҷҷӯҳи хосе бархурдор будааст ва то а.-ҳои 6 – 10 дар канори осори чанд тан аз бузургони дигар, амсоли Муҳаммад Закариёи Розӣ ба донишандӯзон тадрис мешудааст. «К.» яке аз дувоздаҳ дастнависи қадима буда, то замони мо се нусхаи қадимтарини он, ки мансуб ба июли с. 1085 аст, омада расидааст.
Ад.: Акимушкин О. Ф., Средневековый Иран. Культура, история, филология. С.-Петербург: 2004; Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Теҳрон, 1372; Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 7, Теҳрон, 1377; Салимов Н., Мероси Оли Сомон, Хуҷанд, 2001; Юсупов А., Медицинская терминология в «Хидояту-л-мутааллимин фи-т-тиб» Ахавайнии Бухори, Д., 2004.
А. Ҳасанов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …