Главная / Илм / КИТФ

КИТФ

kitfКИТФ (Brachium), бозу,банди проксимали (ба тана наздик)-и андомҳои болоӣ. Асоси К. аз устухони бозу ибрат буда, ба он мушакҳо пайваст шудаанд. Гурӯҳи мушакҳои пеши К.-ро мушакҳои қаткунанда ташкил медиҳанд (мушаки дусараи китф, мушакҳои бозу, нӯлшаклу бозу); ба гурӯҳи мушакҳои қафо мушаки сесараи бозу, ки соидро хам мекунад, мансуб мебошад. Артерияи китф, ки ҳамроҳи ду вена ва асаби миёнҷоӣ аз зери мушакпарда мегузарад, дар ҷӯяки медиалӣ ҷой гирифтааст. Ба мушакҳои пеш асаби мушаку пӯст, ба мушакҳои қафо асаби соид, ба пӯст асабҳои миёнҷоӣ, ҷонибӣ ва асаби қафои пӯсти китф хидмат мерасонанд. Аз ҷӯяке, ки устухон ва мушаки сесара ташкил мекунанд асаби соид мегузарад.
Ба нуқси инкишофи К. вуҷуд надоштани тамоми андом (амелия), пурра инкишоф наёфтани бандҳои даст (эктромелия) ва ғ. мансубанд.
Осебҳои бофтаҳои нарми К. бо дарди шадид, маҳдуд шудани ҳаракат, пайдоиши хуномос, кабудпӯстӣ ва ғ. падид меоянд. Дар ин гуна ҳолатҳо, одатан, дастро ноҷунбон (иммобилизатсия) карда, ба ҷои осеб ях мегузоранд, доруҳои рафъи дард истеъмол менамоянд. Ҳангоми даридани мушакпарда, мушак ва канда шудани пай ҷарроҳӣ зарур аст. Яке аз иллатҳои асосии К. шикастани устухон мебошад. Он кушода ва пӯшида мешавад. Дар чунин ҳолатҳо ба узв шина гузошта, ҷабрдидаро зуд ба беморхона (шӯъбаи осебшиносӣ) бурдан лозим аст.
Ниг. низ Банди даст, Банди китф, Банди оринҷ.
КЛ
Мушакҳои китфи рост, намуд аз қафо (ҷӯяки асаби соид боз карда шудааст): 1 – сараки ҷонибии мушаки сесараи китф (бурида шудааст); 2 – сараки дарози мушаки сесараи китф; 3 – мушаки лундаи калон; 4 – мушаки лундаи хурд; 5 – мушаки фавқишавкӣ; 6 – мушаки таҳтишавкӣ; 7 – сӯрохи сетарафа; 8 – сӯрохи чортарафа; 9 – асаби соид; 10 – сараки миёнҷоии мушаки сесараи китф.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …