Главная / Илм / «КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ»

«КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ»

drevnyaya-kniga«КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ» («Дастури дорусозӣ»), асари тиббиест, ки ба доруҳои муфрада (сода) ва баъзе доруҳои мураккаб бахшида шудааст. «К.»-ро Берунӣ дар солҳои охири зиндагиаш ба забони арабӣ таълиф намудааст. «К.» аз 3 қисм (муқаддима ва маълумот доир ба доруҳо) иборат аст. Дар асар доруҳо мувофиқи гурӯҳ, шакл, инчунин усули тайёр намудани онҳо аз рӯи нусхаҳо (ретсептҳо) пурра баён шудааст.
Муқаддимаи китоб аз чанд қисм иборат буда, дар онҳо муаллиф дар бораи этимологияи калимаи сайдана (фармакогнозия), вазифа ва моҳияти он дар тиб, инчунин ба гурӯҳҳо тақсим шудани доруҳо сухан меронад. Муаллиф доруҳоро ба ду гурӯҳ (сода ва мураккаб) тақсим намудааст. Вай ба доруҳои сода давоҳои аз растанӣ (реша, барг, бутта) ё дигар манбаъҳо (минералҳо, ҳайвонот) тайёркарда ва ба доруҳои мураккаб омехтаи якчанд намуди ашёи доруворӣ ё доруҳои содаро дохил кардааст.
Дар қисми дуюми китоб маълумот оид ба 1116 доруҳои наботӣ, ҳайвонӣ, маъданӣ ва мураккаб аз рӯи алифбо зикр ёфтаанд. Дар «К.» номи 750 рустанӣ, 107 маъдан, 101 ҷонвар ва 30 маводи мураккаби доруӣ гирд омадааст, ки дар ягон китоби дорушиносии гузаштагон чунин теъдоди мавод ба мушоҳида намерасад. Берунӣ номи доруҳоро бо забон ва лаҳҷаҳои мухталиф додааст. Мас., дар китоб тақр. 4500 номи растаниҳо, ҳайвонот, маъданҳо ва озуқаворӣ, ки аз онҳо дору таҳия мекарданд, ба забонҳои арабӣ, юнонӣ, суриёнӣ, ҳиндӣ, форсӣ, хоразмӣ, суғдӣ, туркӣ ва ғ. оварда шудаанд. Муаллиф дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки «… ман аз ҷавонӣ бисёр ташнаи омӯзиши илм ва ҳирси аз бар кардани онро доштам. Намунаи ин он аст, ки боре як нафар юнониро дидам ва ба назди ӯ гандум, тухмӣ, мевагӣ ва гиёҳҳоро оварда нишон дода, пурсидам, ки онҳо дар забони шумо чӣ ном доранд ва онҳоро барои худ навишта гирифтам».
Аз мӯҳтавои «К.» маълум мешавад, ки Берунӣ забонҳои арабӣ, суриёнӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои онро хуб медонистааст. Мас., ӯ дар бораи «Бутм» ном растанӣ маълумот дода ҷайд мекунад, ки «… арабҳо онро бутмаҳ хонанд, румиҳо оқуқус ва ё таросонус, суриёниҳо бутмо, ба забони форсӣ кинбаҳн ва аҳли Хуросон хинҷак, сиҷзиҳо (мардуми Сиҷистон) кинбашак ва аҳли Нишобуру Қоин нанкиш ва аҳли Микрону Қаздор гулангур хонанд…». Ё худ дар шарҳи иҷҷос (олу) муаллиф мефармояд: «… ва ба форсӣ гирди сиёҳ. Пеши мо номи форсии олу машҳур аст, ки бо сиёҳ тавсиф меёбад. Зардолу дар ном бо ӯ мушобеҳ аст ва бо сифати зард тафовут дорад. Яке зардолу он дигаре сиёҳолуст».
С-ҳои 1211 – 36 Абӯбакр ибни Алӣ ибни Усмонасфар ал-Косонӣ (аз Фарғона) «К.»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷима намудааст. «К.» с. 1972 иборат аз 2 ҷилд дар Эрон ба форсӣ ва с. 1973 дар Тошкент ба русӣ нашр гардид.
Ад.: Беруни Абу Райхан, Фармакогнозия в медицине ((Исследование, перевод, примечания и указатели У. И. Каримова). Избранные произведения, т. IV, Ташкент, 1973; Муваффақ Абӯмансур, Гиёҳнома (таҳияи матн, пешгуфтор, мулҳақот, луғот, тавзеҳот ва феҳристи номҳо аз Ю. Нуралиев ва Ҷ. Додалишоев), Д., 1992; Султон Мирзо Ҳасан, Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ, Д., 2008; Саидова Ф., «Китобу-с-сайдана фи-т-тиб»-и Абӯрайҳони Берунӣ сарчашмаи истилоҳоти тиббии забони тоҷикӣ. Маҷ. «Авҷи зуҳал», 2011, № 1.

Ф. Саидова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …