Главная / Илм / «КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРӣ»

«КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРӣ»

kitob-2«КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРӣ» («Китоби тиббии бахшида ба Мансур»), асари энсиклопедии Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар боби тиб. Дар ибтидои а. 10 ба забони арабӣ навишта, ба ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқи Сомонӣ бахшида шудааст.
«К.» самараи риёзат ва таҷрибаҳои фаровони илмию амалии аллома ва ҳакими бузург буда, тамоми дурдонаҳои асари тиббии Шарқи Қадим, аз ҷумла мероси илмии Юнону Рими бостонӣ, Ҳиндустону Хитой, Эрону Осиёи Марказӣ ва қисман Европаю Африка (Миср, Испания, Алҷазоир)-ро дарбар гирифтааст.
Асар аз 10 китоб (бештар аз 200 ҷузъи таълифӣ) иборат аст. Китоби 1-ум ба анатомия ва физиологияи одам бахшида шуда, дар он баёни устухон, мушакҳо, узвҳои дохилӣ, асаб ва рагҳо, узвҳои ҷинсию ихроҷ тасвир гаштаанд. Китоби 2-юм дар бораи асосҳои назариявии илми тиб, мизоҷ (темперамент), вобастагии хислати беморӣ ба чигунагии мизоҷ баҳс мекунад. Китоби 3-юм зикри парҳез ва моддаҳои доругиро дарбар гирифта, дар бораи рол ва аҳамияти хӯрок дар тандурустӣ, натиҷаи муолиҷавӣ зоҳир намудани он ва ғ. маълумот медиҳад. Китоби 4-ум ба гигиена ва роли он дар нигаҳдории тандурустӣ, аҳамияти тақтир (дистиллятсия) ва ҷӯшонидани оби нӯшокӣ, тозагии бадан ва сару либос, истиқоматгоҳ ва асбобҳои рӯзгор, шустушӯй дар ҳаммом, қабули буғ дар буғхона, масҳ (массаж), гирифтани мӯйҳои бадан, беҳбудии шароити зиндагӣ ва ғ. оид аст. Китоби 5-ум оид ба оростагӣ (косметика) ва нигоҳубини пӯст, баъзе бемориҳои пӯст ва муолиҷаи онҳо, усулҳои тайёр намудани воситаҳои доруии ба пӯст молидашаванда ва ғ. бахшида шудааст. Китоби 6-ум аз маслиҳатҳо ба сайёҳон, парҳез ва ғ. иборат аст. Китоби 7-ум роҷеъ ба ҷарроҳӣ буда, дар он ҳамаи усулҳои ҷарроҳии асримиёнагии шарқи қадим баён гардидаанд. Дар ин китоб хусусан ба шикастабандӣ ва ҷарроҳии узвҳои латхӯрда, ҷароҳат, муолиҷаи омос, санги гурда ва ғ. аҳамияти махсус дода шудааст. Китоби 8-ум дар бораи заҳрҳо баҳс менамояд. Китоби 9-умро китоби дарсии оид ба патология (беморшиносӣ) номидан мумкин аст. Китоби 10-ум ба табларза ва шаклҳои гуногуни он, тарзи ташхис ва усулҳои муолиҷаю пешгирии онҳо бахшида шудааст.
Дар «К.» дар бораи сохт ва вазифаи узвҳо, бемориҳо ва усулҳои муолиҷаи онҳо маълумот гирд оварда шудаанд. «К.» аз сабаби соддабаёнӣ дар мамлакатҳои Европа бо номи «Nonus Almansorius» машҳур гашта, то а. 16 дар бисёр донишгоҳҳо дар қатори асарҳои Буқрот, Ҷолинус, Абӯалӣ ибни Сино ва дигар олимони забардаст чун китоби дарсӣ омӯхта мешуд. Бисёр қоидаҳои назофат ва нигаҳдории тандурустӣ, усулҳои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳо, ки дар асар зикр ёфтаанд, ба асоси тибби халқҳои Шарқу Ғарб табдил ёфта, дар байни халқ маъмул гаштаанд.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …